Пешвои миллат – кафили сулҳ!
Боиси ифтихор аст, ки тавассути корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон аз он шоми торике, ки ба вартаи ҳалокат наздик буд, баромад ва мо имрӯз чунин давлати обод ва зебо дорем. Зеро танҳо ӯ тавонист, дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ орад.
Дар он рӯзҳо, ки мардум пароканда буду сарсон ва амнияту якпорчагии миллати тоҷик дар хатар, бо ташаббус ва азму иродаи қавии ин марди ҷасуру диловар, фарзанди фарзона ва Сарвари миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон, мардуми парокандаи ин миллати борҳо азиятдида боз сарҷамъ гардид.
Пӯшида нест, ки Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷоннисориҳо ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. Ин буд, ки вохӯрию гуфтушунидҳои пайдарпай бо саркардагони гурӯҳи мухолифин бенатиҷа намонданд. Натиҷаи пан даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот бо онҳо оқибат самараи нек дод.
Президенти кишвар бо муҳаббат ва садоқати беандозаи ватандӯстиашон, бо баҳои ҷон ба боварии мардум сазовор шуданд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназирашон нақбу пулҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, ба ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми кишвар беҳбудӣ бахшид.
Ҳимматбаландӣ ва ташаббускории ин марди хирад буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат баста, то ба ин рӯзҳои нек расид. Як қатор сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта, аз қабили Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, НБО “Роғун” ва инчунин “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Роҳи оҳани Хатлону Кулоб”, “Нақби Истиқлол”, “Нақби Шар-Шар”, биноҳои баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд.
Аз ин ҳама пешравиҳо халқи тоҷик сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлату ҳукумат, ҳамчунин, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар беш аз пеш кушиш мекунанд. Дар баробари ин Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд.
Табдил додани Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ иқдоми бузургест дар роҳи созандагии Ватан. Кушода шудани заводу фабрикаҳои замонавӣ боиси таъмин намудани аҳолии кишвар бо ҷойи кор ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мегардад. Амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии банақшагирифтаи Сарвари давлат расидан ба ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя яке аз омилҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик аст.
Ташаббусҳои Сарвари миллат, ба монанди амалиёти Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, маблағгузорӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустаҳками ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистонро фароҳам меоранд. Ғамхориҳои падаронаи роҳбари давлат ба ятимону бепарасторон, ки аз сафарҳояшон ба ноҳияҳои дуру наздик ҳамарӯза тариқи оинаи нилгун мебинем, гувоҳ аз раъиятпарастии эшон аст.
Барои мутахассиси хуби соҳа шудан, бояд шахс дар донишгоҳи олӣ панҷ сол таҳсил намуда, тӯли чанд сол дар истеҳсолот кор кунад, таҷрибаи кофӣ ба даст оварад, пас роҳбарии давлат кори осон нест. Мо бояд шукрона кунем, ки ин шахси накӯкор, сиёсатмадор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати мо ҳастанд, зеро ҳаёти имрӯза ва ояндаи кишвар аз сиёсати маорифпарварона вобастагии калон дорад.
Дадоматов Д.Н. – д.и.и., профессор, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ