Тарбия аз оила оғоз меёбад!

Дар ҳар давру замоне, ки инсон умр ба сар мебарад, тарбия дар мадди аввал меистад ва бидуни он инсониятро тасаввур кардан имконнопазир мебошад. Шоири ғазалсарои адабиёти форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ адаб харӣ арзон аст.

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,

Зеро ки адаб тоҷи сари инсон аст.

Тарбия ин пояи давлату давлатдорӣ мебошад, ақлу идроки одам, мақому маърифати одам аз тарбия вобастагӣ дорад. Усулҳо ва методҳои тарбия дар ҳар давру замон, вобаста ба шароити иҷтимоӣ иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии замони худ тағйир меёбанд. Ҳанўз аз давраҳои қадим халқи тоҷик соҳиби илм ва фарҳанг буда, ба ахлоқи накў эҳтиром доштанд. Панди бузурги Авасто « пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»инсонро ба он раҳнамо месозад, ки ӯ на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, балки сухани хуб гӯяд ва муҳимтар аз ҳама, дар ҳама ҳолатҳо дорои рафтори хуби инсонӣ бошад. Зеро агар шахс рафтору гуфтор ва пиндори нек дошта бошад, метавонад дар ҷамъият ба дигарон намунаи ибрат бошад.

Имрӯзҳо ҷамъиятро зарур аст, ки тарбияи насли наврасро дар асоси анъанаҳои миллӣ, ҳисси ватандустию меҳанпарастӣ, якдигарфаҳмӣ, хушахлоқиву поквиҷдонӣ ба роҳ монанд.

Одоби салом, одоби муошират дар ҷомеа, одоби хӯрок хурдан, одоби гаштугузор аз тарбия дар оила асос ёфта, дар ҷомеа такмил дода мешавад. Барои миллати тоҷик ашъори бузургон худ як кони ганҷи тарбия аст, зеро шоирону адибони мо дар васфи тарбия ашъори бою рангин доранд. Шоири ғазалсаро Саъдии Шерозиро мардуми олам ҳамчун муаллими ахлоқ, устоди панду андарз мешиносанд ва эътирофаш кардаанд. Асарҳои безаволи ӯ «Гулистон» ва «Бўстон» низ хазинаи панду ҳикматҳо ва саршори ҳикояҳои пандуахлоқӣ буда, мардумонро ба некиву накўкорӣ, ростиву росткорӣ, дўстиву рафоқат даъват менамояд. Ҳикояеро аз «Гулистон” меорем ва мебинем, Луқмони Ҳаким, ки дорои хулқу одоб ва ахлоқи писандида аст, чӣ гуна ин хислатҳоро соҳиб гашт:

Луқмонро гуфтанд:

– Адаб аз кӣ омўхтӣ?

Гуфт:

–Аз беадабон; ҳарчӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам.

Яъне аз ин ҳикоёт бармеояд, ки мо бояд ба олами атроф назар карда, хулқу атвори инсонҳоро назорат кунем, хислатҳои бад ва разилро, ки мавриди тозиёна, танқид қарор мегиранд, парҳез намоем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем, ки соҳиби ахлоқи намунавӣ гардем.

Дар ҷои дигар, Саъдӣ таъкид менамояд, ки одобу ахлоқро бояд аз кўдакӣ оғоз кард, зеро агар дар кўдакӣ инсон аз адаб дур бошад, пас дер хоҳад шуд:

Ҳар кӣ дар хурдияш адаб накунад,

Дар бузургӣ фалоҳ аз ў бархост.

Чўби тарро, чунон ки хоҳӣ, печ,

Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.

Аз гуфтаҳои шоир бармеояд, ки асоси тарбия аз овони кӯдакӣ оғоз карда шавад. Ҳамзамон дар тарбияи онҳо устодон ва волидайн саҳланкорӣ менамоянд, нодуруст тарбият гирифтани онҳо аз оила сарчашма мегирад, ки беҳуда нагуфтаанд:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Имрӯзҳо дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бисёр ҳолатҳое дучор мешавем, он моро водор месозад, ки нисбати тарбияи насли ҷавон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем. Одоби суханронӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар нақлиёт, дар бозору мағозаҳо коста гардида, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки нисбати тарбияи насли оянда бетарафӣ зоҳир нанамоянд, аз ҷумла:

  • Одоби истифодаи телефонҳои ҳамроҳ;
  • Одоби гузаштан аз роҳҳои мошингард;
  • Одоби муошират байни ҷавонону наврасон;
  • Одоби эҳтироми калонсолон;
  • Одоби салом.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2006с. “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шудааст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои таркибии тарбияи миллиро аз худ намояд, тибқи тартиботи конспепсия амал намоянд,миллати тоҷик – миллати волотарин ва Тоҷикистони азизамон яке аз давлатҳои пешқадамтарин хоҳад шуд.

 

Нишонбоев А.Н. – муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ,

Тошматова Ҳ.М. – ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ

 

 

 

You might also like