Э Ъ Л О Н! ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Ба таваҷҷуҳи донишҷӯён расонида мешавад, ки озмун барои дарёфти стипендияи раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли хониши 2025-2026 ташкилу баргузор мегардад. Даври аввали озмун дар сатҳи факултетҳо баргузор гардида, ғолибони даври аввал ба даври ниҳоӣ пешниҳод мегарданд. Довталабон барои иштирок дар озмун метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба муовинони декан оид ба корҳои тарбия то санаи 02 декабри соли 2025 пешниҳод намоянд. Дар озмун танҳо донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Барои иштирок дар озмун чунин ҳуҷҷатҳо лозиманд:
– пешниҳод ва маълумотнома аз факултет;
– нусхаи шиноснома
– тавсифномаи декани факултет, хислатнома аз ҷониби куратори гурӯҳ, тарҷумаи ҳоли кӯтоҳ бо ифшои сифатҳои шахсӣ;
– нусха аз дафтарчаи имтиҳонӣ (бо нусхаи пурраи баҳои донишҷӯ);
– мавҷудияти дастовардҳои эҷодӣ (нусхаи шаҳодатнома, диплом, сертификат, сипоснома, ифтихорнома ва ғ);
– иштирок дар конференсияҳои илмӣ – назариявӣ, илмӣ-амалӣ, намоишгоҳ, маълумотҳои чопӣ, маърӯзаву баромадҳо, мақолаҳои илмӣ, публисистӣ, шеъру тарона, ки дар даври донишҷӯӣ эҷод шудааст;
– иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ (амалӣ намудани ташаббусҳои созанда байни ҷавонон ва бо ин васила рангин кардани ҳаёти донишҷӯён) ва варзишии муассисаи таълимӣ, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ (замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолият ва ё дастовардҳо дар ин самт);
– 2 адад расм бо ҳаҷми 3х4 (чопӣ ва электронӣ).
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ, бинои асосӣ, ошёнаи дуюм, утоқи 205 муроҷиат намоед.