Наҳзатиёни гумроҳгардида
Тавассути расонаҳои хабарӣ маълумот панҳн гаштааст, ки чанд нафар роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ– экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо мақсади минбаъд тезутунд ва ноором сохтани вазъи сиёсии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар гирдиҳамоиҳо гузарониданд.
Ростӣ мо ба худ саволе медиҳем, магар имрўзҳо онҳо намедонанд, ки барои Тоҷикистони имрўза танҳо пешбурди ҷомеаи мутамаддин ягона мақсад аст, на ифротгароиву терроризму экстремизм. Ҷаҳон маълум ва равшан намуд, ки бо экстремизму терроризм ва гирдиҳамоиҳои беасос ягон нафар ба мақсади худ нахоҳад расид. Магар бекорӣ ва ночизӣ шуморо ба ин рўз оварда расонид, ки даъвои ноором сохтани Тоҷикистони биҳиштосо доред?
Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон”-ро таъсис дода даъвои берун аз зиндон намудани ҷиноятпешагонро доред, аммо дар асл ҳамон “наҳзатиҳо” ва “ваҳҳобиҳое”-е мебошед, ки аз амалҳои террористии худ дар назди ватану миллат шарм дошта, гуреза гардидаед ва акнун мехоҳед, ки худро сафед намоед. Лекин мардуми тоҷик он ҳодисаҳои мудҳиши солҳои аввали истиқлолиятро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Магар ҳодисаҳо ва гирдиҳамоиҳои соли 1992 ташкил карда кифоя нест ва натиҷааш он шуд, ки дар кишварамон ҷанги дохилӣ сар заду боиси кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва бехонумон гардидани ҳазорон нафар гардид. Ҳамааш аз ҳамин гирдиҳамоии ваҳҳобиҳою наҳзатҳо сар шуда буд. Аввал як қисми мардумро бо роҳи таблиғотии ифротгароёнаашон гумроҳ карда, дар майдон ҷамъ оварданд. Баъд ба даст аслиҳа гирифтанду ба қатлу террор ва ғоратгарӣ даст заданд. Мехостанд бо роҳи зурӣ ҳокимияти сиёсиро ба даст оранду тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон сохти давлатдории кишварамонро тағйир диҳанд. Яъне мехостанд озодии мардумро ба ғуломӣ, дунявияту демократияро ба зулмоту истибдод иваз намоянд. Ҳар касе ақидаи ба онҳо мухолиф дошт, мавриди таъқибу фишор қарор медоданд ва нобуд мекарданд.
Аз пайдоиши ин ҳизб, маълум буд, ки онҳо ягон вақт пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Сиёҳдилию бадхоҳии онҳо аз навиштаҳояшон, ки дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, баръало маълум аст. Бо ташкили гирдиҳамоӣ мақсад доранд, ки номи кишварамонро бадном кунанд. Онҳо ба Ҳукумат туҳмат мекунанд, ки гӯё дар кишварамон зиндониёни сиёсӣ мавҷуд аст, лекин “зиндониёни сиёсӣ”-е, ки онҳо дарназардоранд, дар асл ҳамон ҷинояткорон ва ифротгароне мебошанд, ки гумроҳгардиданд.
Мардуми Тоҷикистон ва аксарияти шаҳрвандони дар хориҷ буда дигар вазъиятро хуб медонанд ва аз мақсаду мароми бадхоҳонаи наҳзатиҳо огоҳанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои фаъолони назҳатӣ барои расидан ба мақсадҳои худ бо роҳи доир кардани гирдиҳамоӣ дар Берлин беҳудаанд. Ин гирдиҳамоӣ не, балки ҷамъомади хешовандону пайравон ва чанд нафари роҳгумзада ва аз ҷиҳати молиявӣ вобаста мебошад. Имрўзҳо Тоҷикистони маҳбуб роҳ сўи ташаккул ва ободӣ аст, ки бархе аз ин гуна беватанҳо ин пешравиро намехоҳанд ва ҳар як фарди тоҷик, ки заррае Ватану миллаташро дӯст медорад, ҳаргиз ба ин ҷамъомади душманон ва бадхоҳони Тоҷикистон ҳамроҳ намегардад. Дар интиҳо ба тамои он ашхосоне, ки мехоҳанд гўш ба ин гирдиҳамоиҳо диҳанд ҳаминро илова намуданиам.
Беҳуда даст ба чунин кирдор назанед ва ҳаминро дониста монед, ки барои миллати имрўзаи тоҷик такрор намуда ҳодисаҳои соли 90-ягон зарра лозим нест. Агар иқтидор ва мардонагӣ доред биёед якҷоя Ватанро обод менамоем баҳри ояндаи фарзандонамон Тоҷикистонро гулафшон менамоем.
Санавваров Ғ. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ