Банӣ одам  аъзои  якдигаранд…

Банӣ одам  аъзои  якдигаранд, Ки дар офариниш  зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рўзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Саъдӣ.

Шоири бузург ва машҳури форсу – тоҷик Саъди Шерозӣ дар ин мисраҳои худ тавонистаст, ки  асоси фалсафаи дар якҷоягӣ зиндаги карданро дар кураи замин нишон диҳад. Бузургии шеър ва шоир дар он аст, ки гуфтаҳои ў ба ҳама давру замон рост меоянд. Дар баробари ин аз мисраҳо бар меояд, ки дар замони шоир низ муаммоҳо кам набуданд. (ҳамааш набошад ҳам қисмаш: ҷангу ҷидол, гуруснагӣ, беморӣ, зулму ситам аз тарафи давлатҳои бузург ба давлатҳои хурд ва нотавон ва ғайра). Аз ин лиҳоз шоир бо ин мисраҳои худ мардуми башарро ба якдилӣ, инсондўстӣ, эҳтироми якдигар, дастаҷамъона мубориза бурдан бо муаммоҳои замони худ, бетараф набудан, ки дар асри мо ба як вазъияти муқаррарӣ табдил ётааст  даъват намудааст.

Ҳар як давру замон муаммоҳои худро дорад, ки дар танҳоӣ ва бо бетарафӣ онҳоро бартараф намудан ғайри икон аст. Барои мисол овардан мо ба умқи таърих надаромада ҷангҳои даҳшатовари асри ХХ – ро пеши назар меорем, ки на ривоят асту на афсона. Дар натиҷаи Ҷанги якуми ҷаҳон  ва Ҷанги дуюми ҷаҳон инсоният чунон даҳшатро аз сар гузаронд, ки то абад барояшон басанда аст. Дар Ҷанги якуми ҷаҳон ва дар Ҷанги дуюми ҷаҳон давлатҳои абарқудрати замон (давлатҳои абарқудрати замон гуфта мо он давлатҳоеро дар назар дорем, ки метавонистан, ки сади роҳи ин фалокатро гиранд) дидаю дониста садди роҳи ин ҷанги хунхорро нагирифта ва дар баъзе ҳолатҳо барои амалӣ намудани манфиатҳои худ онро истифода намуданд. Хусусан ин вазъиятро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баръало мушоҳида намудан мумкин аст. Чунки мутобиқи Конфронси Париж ва Шартномаи сулҳи Версал Олмон бояд дигар имконияти ҷанг карданро намедошт. Доир ба ин масъала ба таври муфассал дар китоби «Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати Тоҷикистон (1917-2008) (Гулҷонов М., Мирзошо В., Мамадҷонзода М., Душанбе, «Эр – граф», 2010.)» чунин оварда шудааст:

«Конференсияи Париж пас аз қабули Ойинномаи Лигаи Миллатҳо ба муҳокимаи шартҳои сулҳ бо Германия гузашт. Англия, Франсия, ИМА ва дигар иштироккунандагони ҷанги зидди иттиҳоди Германия ҷонибдори заиф намудани Германия буданд, то он натавонад болои инкишофи вазъият нуфузи таъинкунанда ва дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат имкони рақобат дошта бошад. Аз ҳама мавқеъи оштинопазиронаро Франсия дошта буд. Клемансо ва дигар намояндагони Франсия кўшиш мекарданд, ки Гармания бояд пурра товони ҷангро бипардозад. Онҳо аз Германия пардохти товони ҷангро ба маблағи 800 миллиард марки тиллоӣ талаб менамуданд. Маблағи умумии товони ҷанг ба нафъи Франсия, Англия ва ИМА 1,5 триллион маркаи тиллоиро ташкил медод.

Мутобиқ ба шартномаи сулҳи Версал, ки иборат аз 440 модда буд, Германия Эльзас ва Лотарингияро (ба сарҳадҳои соли 1870) ба Франсия пас гардонд Ноҳияҳои Эйпен, Малмедӣ ва Морене ба Белглия дода шуданд. Дар соҳили чапи Рейн минтақаи ғайри низомӣ ба масофаи 50 километрӣ ба миён омад, ки дар он Германия ҳаққи сохтмони истеҳкомот, ҷогузин намудани қувваҳои низомӣ ва гузарондани маневрҳои ҳарбиро надошт. Соҳили ғарбии Рейн аз тарафи қушунҳои муттаҳдин ишғол шуда буд.

Дар натиҷаи ин тағйирот, сарҳадҳои Германия қисмати ҳаштуми территория ва қисмати дувоздаҳуми аҳолиро аз даст дод. Кишварҳои Антанта тамоми мустамликаҳои Германияро дар Африка ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором ишғол намуданд. Қисмати муҳими шартномаро моддаҳое ташкил менамуданд, ки Германияро таҳти маҳдудиятҳои низомӣ гузошта буданд. Дар Германия хизмати ҳатмии низомӣ манъ гардид ва армияи он бояд теъдоди на бештар аз 100 ҳазор, бар асоси довталабӣ ташкил мешуд. Теъоди офисерони армия наметавонист аз 4000  нафар бештар бошад. Ситоди кулл аз байн бурда шуд. Муддати хизмат барои аскарон, қумандонҳои дараҷаи поин 12 сол ва барои офитсерон 25 сол таъин гардид. Маҳдудияти зиёд, бахусус, болои флоти баҳрӣ гузошта шуда буд.

Он бояд иборат аз 6 киштии зиреҳпўш (броненосец), 6 крейсери сабук, 12 кишти зидди минабаранда ва 12 киштии минабардор бошад. Доштани киштиҳои зериобӣ барои Гемания тамоман манъ гардид.

Германияи ғарбӣ барои 15 сол аз ҷониби давлатҳои муттаҳидин ишғол гардид. Комиссияи махсуси пардохти товони ҷанг бояд маблағи товони ҷанг ва муддати пардохти онро муайян намояд. Пардохти аввал ба маблағи 20 миллиард марка бояд то 1 майи соли 1921 сурат гирад. Барои ғарк намудани киштиҳои тиҷоратӣ ба қудрати борбардории бештар аз 1600 ҳазор тонн, Германия бояд чоряки киштиҳои моҳигирӣ ва панҷяки киштиҳои дарёӣ ба давлатҳои муттаҳидин бидиҳад ва дар муддати 5 сол барои давлатҳои муттаҳидин киштиҳои тиҷоратии бо қудрати борбардории умумии 1 миллион тонн бисозад.

Германия ўҳдадор гардид, ки дар муддати 10 сол ба Франсия 140 млн. т., Бельгия – 80 млн. т., Италия -77 млн. тонн ангиштсанг диҳад.

То андозаи муайяне муаллифони шартномаи Версал хатоиҳои Германияро, ки мувофиқи сулҳи Франкфурт болои Франсия бори вазнин гузошта буд ва Франсияро барои аз байн бурдани натиҷаҳои он водор ба муборизаи шадид сохт, такрор намуданд. Шартномаи Версал дар соли 1919 заминаро барои рушди идеяи интиқомталабӣ дар Германия поягузорӣ намуд, ки баъдтар он дар мубориза барои аз байн бурдани он ва аз нав тақсим намудани харитаи Европа арзи вуҷуд намуд».

Ба таври муфасал овардани раванди  бастани ин созишнома барои он буд, ки ҳар яки мо худ онро муқоиса намуда хулоса барорем. Бовари дорем, ки ҳар яки моро як фикр ба ташвиш меорад. Барои чӣ бо чунин маҳдудиятҳо, назорати пурзур аз рўи онҳо Олмон дар як мудати кутоҳ натанҳо қувва ва қудрати пешинаашро барқарор кард, балки ҷангро дар соли 1939 оғоз намояд?

Ҳамаи нишони бетарафӣ ва дуруягӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ мебошад, ки оқибат зарари онро он давлатҳое низ чашиданд, ки инро на онқадар интизор буданд.

Имрўз низ ин гуна сиёсатҳои дурўя дар муносибатҳои байналхалқӣ ба чашм мерасад, ки ба давлатҳои алоҳида зарарҳои фалокатовар расонидаанд ва расонидаистодаан. Ҳол онки ин муаммоҳои ҷойдоштаро дар якҷоягӣ ба зуддӣ ва бо талафоту хароҷотҳои камтар пешгирӣ ва несту нобуд кардан мумкин аст.

Лекин бо вуҷуди ин ҳама мо мебинем, ки таҷрибаи бои инсонӣ барои на ҳама давлатҳо дарси ибрат мебошад.  Ва он хатоиҳое, ки инсоният дар тўли мавҷудияти худ аз сар гузаронидааст боз такрор мекунанд. Агар чунин вазъият давом кардан гирад инсоният мумкин аст, ки дучори ҷанги нав «Ҷанги сеюми ҷаҳон» гардад.

Имрўз мо мебинем, ки майдони ҷангу низоъ ва бозиҳои геополитикӣ бисёртар дар давлатҳои Шарқ, Африқо ва он давлатҳое, ки дар сарҳади геополитикии давлатҳои абарқудрат қарор доранд сар мезананд. Оқибатҳои бархуди геополитикии давлатҳои бозингар вазъиятро натанҳо дар минтақа балки дар ҷаҳон то рафт мураккаб намуда истодааст.

Вазъияте, ки имрўзҳо дар бархе аз давлатҳои Аврупоӣ ба вуқуъ омада истодаанд пурра оқибатҳои нодурусти сиёсати пешгирифтаи худи онҳо ба ҳисоб мераванд. Ин сиёсати нодурусти онҳо натанҳо ба вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо балки ба парокандашавии Иттиҳоди Аврупо оварда расонида истодааст.

Бартарии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии худро нисбати дигарон ҳис намуда, чунин сиёсатеро пеш гирифтанд, ки худашон дар амон бошанд. Лекин ин ба онҳо муясар нагардид ва мисраҳое, ки дар боло овардем исботи ин гуфтаҳост.

Имрўз дар Аврупо ва Амрико, ки худашонро маркзи тамаддини имрўзаи башарӣ мешуморанд озодона мисли даҳ сол, бист сол пеш гашту гузор кардан номумкин аст. Ҳодисаҳои террористие, ки дар Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва Брюссел шуда гузаштанд, аҳолии ин давлатҳоро ба ларза оварданд. Имрўзҳо чорабиниҳои гуногуни сатҳи калоне, ки дар ин давлатҳо баргузор мегардад дар як вазъияти истиробовар ва бо иштироки зиёди кормандони мақомотҳои дахлдор баргузор мегардад.

Дигар масъалае, ки тамоми давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро ба ташвиш оварда аст ин масъалаи муҳоҷирон мебошанд. Муҳоҷироне, ки ба Аврупо ворид мешаванд қисмати зиёди онҳоро шаҳрвандони ҳамон давлатҳое ташкил мекунанд, ки дар он ҷо ҷанг ва низоъ шуда гузаштааст ва ё шуда истодааст. Ба ягон кас махфи нест, ки саҳми бархе аз ин давлатҳо дар щамин фоҷиаҳо назаррас мебошад. Дар баробари ин чунин сиёсат то кунун давом дорад.

Агар мо вазъияти имрўзаи давлати Сирияро дида бароем барои несту нобуд кардани террористон ҳама омодаанд ва ҳама мубориза бурдаистодаанд.  Лекин ақидаи ягонаи мубориза бо терроризм дар ин минтақа ба чашм намерасад. Маҳз ҳамин вазъият боис гаштааст, ки як гурўҳ террористон ҳудуди ду давлати мустақилро бар хилофи тамоми меъёрҳои байналхалқӣ забт намуда давлати худро ташкил карданд. Ташвишовараш он аст, ки дар як мудати кутоҳ ба ин гурўҳҳо муясар гашт, ки чунин ҳудудҳоро забт кунанд. Ҷои  қайд аст, ки дар давлати Ироқ аз соли 2003 инҷониб як қисм намояндагони артиши амрико кору фаъолият доранд.

Пас саволе ба миён меояд, ки дар асри XXI, ки  илму техника ба хусус дар соҳаи ҳарбӣ ба як дараҷаи баланди худ расидааст чи тавр мешавад, ки артиши муттаҳидаи НАТО бо сарварии яке аз давлатҳои абарқудратарини ҷаҳон Амрико наметавонад бо гурўҳҳои террористоне, ки бо лавозимоти асри гузашта муҷаҳаз шудаанд мубориза бурда онҳоро  несту нобуд созанд. Ҳайратовараш он аст, ки дар ин давлатҳои номбаршуда ягон намуд яроқҳои вазнини ҷангӣ, барои мисол дар Афғонистон ҳатто яроқи оташфишон ва ё тапонча истеҳсол карда намешавад. Лекин ба онҳо муясар мегардад, ки тўли ин муддати дуру дароз муқобилят нишон диҳанд ва минтақаҳои навро низ забт кунанд. Болои ин на ҳама давлатҳо мустақил  имконияти харид кардани яроқу аслиҳаро барои муҷаҳаз намудани артиши худ доранд, чунки онҳо дар бозори ҷаҳонӣ бо нарҳои гарон ба фуруш гузошта мешаванд. Лекин бо вуҷуди надоштани давлат, бюджет, истеҳсолот ба террористон муясар мешавад, ки худро бо яроқу аслиҳа таъмин намоянд.

Ҳамаи ин гуфтаҳои боло аз он шабоҳат медиҳад, ки манфиатҳои миллии худро давлатҳои абарқудрат аз манфиатҳои байналхалқӣ боло медонанд, ҳол онки ҳамаи мо ба ҳамдигар пайвастем ва дар сурати пайдо шудани ягон муаммо дар дигар гушаи дунё таъсираш оқибат ба мо низ омада мерасад. Чуноне, ки дар боло гуфтем: Чу узве ба дард оварад рўзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор.

Аз ин лиҳоз дар асри бисту як мо набояд мисли асрҳои пешин орзўи забт кардани ҳудуди нав, ташкил намудани империяи бузург, бартарӣ аз дигарон, қатли омми дигар миллату нажод дошта бошем, балки дастаҷамъона бикӯшем то ҳар як муаммои пайдошударо бартараф намоем. Маблағҳои гаронро, ақлу донишро, ки Худованд танҳо ба инсон ато кардааст барои пешгирии ҳаргуна бемориҳо, гуруснагӣ, ташнагӣ, фақирӣ ва кашфи саёраҳои нав барои зистани инсон ва дигар махлуқоти рўи замин харҷ намоем.

Дар охир суханони сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро меорем, ки дар дар ҳузури омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳи арупою осиёи ба номи Л.Н. Гумиёв (Остона 5.05.2006) иброз намуданд:

«Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки онро хусусиятҳои ниҳоят мураккаби рўйдодҳо, омилҳо ва тамоилҳои хеле зиёд ва бо ҳамдигар вобаста, гуногун, серсоҳа ва қисман ба якдигар мухолиф фаро гирифтаанд. Ҷаҳони мо ҳам имкониятҳо ва эҳтимолияти бузурги таърихӣ, ташаккули ниҳоят ҷиддӣ, таҳдидҳо ва санҷишу имтиҳонҳои бузургро барои тамоми халқҳо ва мамлакатҳо дар бар мегирад. Ҷаҳони мо ҷаҳонест, ки дар он тағйироту дигаргуниҳои амиқ ва ҳатто инқилобӣ хусусияти афзоишёбанда ва фарогиранда доранд, онҳо ба тамоми минтақаҳо ва давлатҳои ҷаҳон, ба ҳамаи соҳаҳо ва ҷиҳатҳои ҳаёти мо таъсири рўзафзун ва нуфузёбанда мерасонанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз тақдири халқҳо ва мамлакатҳо ба ҳамдигар вобастаанд, минтақаҳо бо ҳамдигар равобити ҳамаҷониба доранд ва талаботу таҳдидҳои замони имрўза хусусияти умумӣ касб намудаанд. Ҷаҳони мо бо ҳукми тақдир бояд ин воқеиятро ба назар гирифта, мувофиқи онҳо амал кунад. Дар ин маврид мо бояд на манфиатҳои маҳдуди миллию давлатӣ, балки ҳадафу манфиатҳо ва арзишҳои ҳақиқатан умумибашарӣ ва ҷаҳониро ба роҳбарӣ гирем». (Эмомалӣ Раҳмон  Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди ҳафтум. – Душанбе: «Ирфон», 2007, 480 саҳ. Саҳ 4.)

                         Давлатов Умедчон Назирович

You might also like