Пешвои миллат – мустаҳкамии пойдевори сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Дар раванди давлатдории мо дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми Пешвои миллат назаррас буда, ҳидоятҳои он кас барои барои тарбияи насли нави ҷомеа бағоят муҳиманд.
Бояд зикр намуд, ки давлатидории мо – тоҷикон ин кори ду даҳсола нест. Ва барои бунёди ин давлати куҳан хуни ҳазорон гузаштагони мо рехтааст. Ва ин Ватан ва хоки муқаддаси он барои мо азиз аст. Расидан ба қадри он вазифаи ҷонии ҳар як фарди ба нангу ори ин сарзамин буда, ба оянда мерос гузоштани ин давлати ҷавони куҳанмеҳан ҳатмист.
Аз таърих ба воситаи китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, ки ба ҳар хонадон тақдим гардид, самаранок истифода бурда, гузаштаро омӯхтан имкон медиҳад, ки ба оянда қадами устувор гузорем. Иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин донистан ва аз худ кардани таърих аст, ки имрӯз ҳамчун як сиёсатмадори асил, дипломати бузург ва омӯзгори қавии таърихи Ватан шаҳодати онро медиҳад, ки ба навиштани он шуруъ намуданд.
Дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ё худ дар “Чеҳраҳои мондагор” дар бобати нуктаҳои муҳими пайдоиши давлату давлатдории мо – тоҷикон сухан кардаанд. Имрӯз барои беҳтар намудани сатҳи ҷаҳонбинии маънавии мардум тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Қалам ба даст гирифта навиштани таърихи давлати аҷдодии мо кори басо муҳим буда, мақсад якто, дода тавонистани маълумоти кофиву солим барои насли ҷавони имрӯза маҳсуб мешавад то дуруст дарк карда тавонад, ки мафҳуми давлат ва ҷомеа чист.
Хушбахтона, имрӯз дар солҳои соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти ҷомеаи навину фарзандони замони муосир ҳамаи шароитҳо хуб фароҳам оварда, сиёсати пешгирифтаи Президенти миллат гувоҳи он аст, ки сулҳу субот амнияти ҷомеаро таъмин менамояд
Дар бобати самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз мадди назари сарвари давлат дур намонда ҳамаҷиҳата барои таъмини беҳатарии мардум кӯшиш ба харҷ додаанд.
Имрӯз масъалаи бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Президенти кишвар дар ин росто, тазаккур доданд, ки имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Дар сиёсати хориҷӣ мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ – Федератсияи Россия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар минтақаҳои олам ҳамеша аҳамияти хосса дода барои пешрафти кишар саҳми арзанда гузоштаанд.
Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад, ки ин нуқтаҳо бевосита ҳамасола дар Паём таъкид гардидаанд.
Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Имрӯз вазифаи мо омӯзгорон ва хизматчиёни давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки иқдоми пешгирифтаи Президети худро дастгирӣ намуда ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳадафи сулҳҷӯёнаи Президенти худро расонида тавонем.
Пӯлотова Мунзифа Абдусатторовна