МОҲИЯТИ ФАРОҒАТ, ВАҚТИ ДАМГИРӢ ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

       Фарҳангу тамаддуни инсоният доим ва дар ҳар шароит ҳамчун асоси устувори тараққиёти ҷамъият, яке аз воситаҳои самараноки ташаккули инсон, маҳсуб меёбад. Дар тарбияи тамаддуни ҷавонон мавқеи вақти холигиро муоина карда, ҷавононро ҳамчун гуруҳи иҷтимоӣ ишора намуда, онро таъриф додан лозим аст. Дар луғати калони энсиклопедии Советӣ, ҷавонон – ҳамчун гуруҳи иҷтимою демографие, ки дар асоси маҷмўи синнусолӣ, хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ҷудо мегардад ва бо ин ё он хусусиятҳои иҷтимою руҳӣ вобаста мебошад, ки бо сохти ҷамъиятӣ, маданият, қонуниятҳои иҷтимоӣ, тарбияи ҷамъиятӣ додашуда, ҳудудҳои муосири синнусолӣ аз 14-16 то 25-30, муайян карда мешавад. Ҷавонон – муассир, аз ҷиҳати маънавӣ боидрок, ҷисман фаъол ва серҳаракатанд. Синну соли ҷавонон – ин синну соли мушкилтарин ва мураккабтарин мебошад, ки давраи ташаккули шахсиятро инъикос мекунад. Бо вуҷуди он ин давраи муҳим ба шумор меравад, лекин маҳз дар ҳамин давра асосҳои маънавиёт ба вуҷуд меояд, мақсадҳои иҷтимоии муносибат ба худ, ба одамон, ба ҷамъият, ташаккул меёбанд. Ба ғайр аз ин, дар ин давра нишонаҳои хислат ва шаклҳои асосии рафтори байнишахсӣ мустаҳкам карда мешаванд. Самтҳои асосии мақсадноки ин синну сол, ки бо хоҳиши фаъоли худтакмилдиҳӣ вобаста аст – ин худшиносӣ, хештаншиносӣ ва худсобиткуниро тақозо менамояд.

Дар вазъи имрўзаи иҷтимою маданӣ вақти дамгирии ҷавонон чун зарурати фаҳмиши ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Барои ҷамъият самаранок истифода бурдани вақти холигии ҷавонон – умуман тараққиёти иҷтимою экологӣ ва эҳёшавии руҳии ҳаёти мо бисёр муҳим аст. Вақти дамгирию фароғат соҳаи васеи ҳаёти мадании ҷавонон мебошад, ки дар он эҷодкорӣ ва иқтидори рўҳонӣ ба амал оварда мешавад. Вақти холигӣ яке аз воситаҳои муҳими ташаккули шахсияти ҷавонон мебошад. Истифодабарии вақти холӣ аз тарафи ҷавонон ин як навъ нишондиҳандаи маданияти онҳо, доираи талаботи руҳӣ ва манфиатҳои шахси алоҳида ё гуруҳи иҷтимоӣ мебошад. Азбаски мафҳуми “фароғат” барои тавсифи фазои фароғатии фаъолияти ҳаётии ҷавонони муосир ибтидоӣ мебошад, пас талабот дар омўзиши муфассали он ба миён меояд. Ҷиҳатҳои мазмунӣ ва он нуктаҳои назаре, ки барои таърифи он мавҷуданд аниқ кардан лозим аст. Одатан, таърифи зерин дида мешавад: “Фароғат – ин вақти холӣ, бекорӣ, вақти сайру гашт, озодӣ аз кор, дилхушӣ дар вақти озод будан аз кор, машғулиятҳо барои дамгирӣ дар сайру гашт, бекорагардӣ аст”. Дар луғати калони энсиклопедӣ мазмуни нисбатан васеи фароғат ба назар мерасад: “Машғул набудан бо кор ё ягон вазифаҳо, лаҳзаҳои алоҳидаи вақти холӣ, фосилаҳои байни корӣ, вақтхушӣ, машғулиятҳои шахсӣ дар вақти озод будан аз кор”.

Ба масъалаи рушди назарияи технологияи фароғат олимони зиёди ватаниву хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Дар асарҳои ин муаллифон доираи васеи муаммоҳои маърифати иҷтимою маданӣ, ташкилкунандагони таълимии он мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Фароғат, ҳамчун қисми таркибии вақти холигӣ ҷавононро ба воситаи имконоти интихоби озод ва ихтиёрии шаклҳои гуногун ба худ ҷалб менамояд, демократӣ будан, табъи обурангдор, имконияти пайваст кардани фаъолиятҳои ҷисмонӣ ва маданӣ, эҷодӣ ва мушоҳидакунанда, истеҳсолӣ ва бозингарӣ. Барои қисми зиёди ҷавонон донишкадаҳои иҷтимоии фароғатӣ, соҳаҳои асосии ташаккули иҷтимою мадании фардият ва худтасдиқкунандаи шахсият мавҷуданд. Маҳз дар соҳаи дамгирӣ ҷавонон тамоми имкониятҳои имконпазири рафтори ояндаи худро агар аз рўи нақша ҷараён нагирад, инчунин ҳақиқати бо ҷўшу хурўш ивазшавандаи лаҳзаҳои инноватсионии ба меъёр дароварда шаванда, ки барои онҳо шаклҳои рафтори ҷамъият эътирофнамуда ба шумор меравад, баррасӣ нагардад, аз даст медиҳанд.

Ба сифати дигари дамгирии ҷавонон хусусияти соҳаҳои мухталифро гузаштани онҳо ба шумор меравад. Қисми зиёди ҷавонон дар вақти холигии худ берун аз хона, дар байни ҳамсолон буданро афзалтар медонанд. Рағбати муошират бо ҳамсолон бо талаботи ҷавонон дар робитаи муаасир асоснок карда мешавад. Инчунин сифати фарқкунандаи фароғати мадании ҷавонон ин таассуроти обурангдор, саъю кўшиши дохилкунӣ, имконияти машғул шудан бо фаъолияти дилхоҳ, бо шахсони бамаънӣ ошноӣ пайдо кардан, ба ҷойҳои барои ҷавонон муҳим ташриф овардан, дар чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ширкат варзидан мебошад.

Дар замони муосир дар ташкили фароғат ва ташаккули маданияти шахсият аз тарафи муассисаҳои маданӣ ҳамчун рақиби асосӣ воситаҳои инноватсионию телекоммуникатсионӣ баромад мекунанд. Дар ҷаҳони имрўза шумораи зиёди ҷавонон нисбат ба дамгирӣ дар муассисаҳои маданӣ ВАО-ро афзалтар меҳисобанд. Имрўз зарурат ба миён омадааст, ки тамоми муассисаҳои маданию фароғатӣ ҷавононро чунин ташкил намоянд, ки онҳоро такмил диҳад ва тарбия кунад. Чунончи Аристотель қайд намудааст: “Барои истифода бурда тавонистани вақти дамгирӣ дар ҳаёт баъзе чизҳоро омўхтан лозим аст, дар андак чизҳо тарбия гирифтан лозим аст ва тарбия ҳам таълим мақсади шахсиятро б вуҷуд меорад …”.

Ҳоло вазъи иҷтимоию маданӣ бо як қатор ҷараёнҳои манфӣ тавсиф мешавад, ки дар соҳаи мадании ҳаёт ба вуқуъ омадааст, – гум шудани аломатҳои рўҳи ахлоқӣ, аз маданият ва санъат дур шудани кўдакон, ҷавонон ва калонсолон, камшавии назарраси таъминоти молиявии муассисаҳои маданӣ ва инчунин фаъолияти марказҳои муосири маданию фароғатӣ. Майлу рағбати ҷавонон ба муаммоҳо хусусияти мўътадил ва устувор дорад. Имрўз муаммои паст шудани сатҳи маданияту рафтори ҷавонон ба назар мерасад. Дар вазъияти ба миён омадаи рафтори ҷавонон на ҷавонон, балки роҳбарони маданият, муассисаҳои таълимӣ ва ҷамъиятӣ гунаҳкор мебошанд, зеро мавҷуд будани сатҳи пасти маҳсулони кору фаъолияти бахши тарбия роҳ додаанд ва он боиси пайдоиши рафтори ғайриқаноатбахш ва сатҳи пасти маданияти байни ҷавонон мегардад. Бисёр чизҳо маҳз аз онҳо вобаста аст, яъне аз малакаи пешниҳоди шаклҳои завқовари дамгирӣ, дилхушкунӣ, хизматрасонӣ ва ҷалб кардани одамон. Бо вуҷуди он, маданияти гузаронидани вақти холигӣ натиҷаи кўшишу ғайрати худи шахсият мебошад, хоҳиши мубаддал гардонидани дамгирӣ ба тадбирҳои ба даст овардани на танҳо ҳиссиётҳои нав, балки дониш, малака ва ҳунарҳои нав мебошад.

Албатта, дар ҳалли муаммои бомаданият гузаронидани дамгирии ҷавонон, сатҳу сифати он мавқеи тарбияи этикиро тақвият бахшидан лозим аст, аммо аз ҳама асосӣ – ҳалли масъалаҳои вақтхушкунии тарбиявӣ мебошад. Зеро, дар вақти хушнудкунӣ натанҳо диққатро ба мақсади дигар равона кардан, балки таълим ва рушд додани шахсияти ғоявӣ, ахлоқӣ ва этикӣ аст. Вақтхуширо ба арзиши мусбӣ, сарчашмаи боигарии миллӣ табдил додан мумкин аст. “Тарғиботи иҷтимоӣ” зарур аст, ба шарте ки ба тарзи ҳаёти солим равона гардида бошад, яъне дар як вақт таблиғоти чизи даркорӣ, расму оин, одатҳо ва ғояҳо, инчунин ба тасаввуроти хушахлоқӣ мувофиқат намояд.

Таҷрибаи вақти дамгирӣ, фароғати ҷавонон нишон медиҳад, ки шаклҳои бештар ҷалбкунанда барои ҷавонон мусиқӣ, рақс, бозиҳо, ток-шоуҳо, КВН мебошанд, аммо на ҳама вақт марказҳои маданию фароғатӣ кори худро дар асоси манфиатҳои ҷавонон ба роҳ мемонанд. Донистани на танҳо талаботи мадании ҷавонон ва пешбинии тағйироти онҳо зарур аст, балки зуд ба онҳо этино намуда, шаклҳо ва намудҳои нави машғулиятҳои фароғатиро пешниҳод карда тавонистан лозим аст. Ин вазифаро дар як лаҳза ҳал кардан мумкин нест, аммо агар мо хоҳони вуҷуд доштани миллати бузург бошем, фавран ба ҳалли он шурўъ намудан лозим аст. Зикр кардан бо маврид аст, ки дар ДДҲБСТ баҳри муташаккилона роҳандозӣ кардани вақти дамгирӣ, фароғатӣ ва холигии ҷавонон-донишҷўён имкониятҳои воқеӣ муҳайё карда шудааст, аз ҷумла дастаи ҳунарӣ бо номи “Ошёни меҳр” амал менамояд, ки дар рушду нумўи ҷавонон омили муҳими таълимию тарбиявӣ маҳсуб меёбад.

Инчунин дар донишгоҳ маҳфилҳои гуногуни варзишӣ амал мекунанд, ки таҳти роҳбарии устодони варзиш гузаронида мешаванд.

Баҳри самаранок гузаштани вақти холигии донишҷўён-ҷавонон дар донишгоҳ курсҳои гуногуни забонию фаннӣ ташкил ва гузаронида мешаванд ба монанди: забони англисию хитоӣ, 1С муҳосибот, технологияҳои компютерӣ ва ғ.

Ҷавонон ояндаи миллатанд, бинобар ин онҳо ба ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бояд хизмат намоянд ва бо хислатҳои шоистаи хеш Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, сазовори аҳли башар гарданд.

  Хоҷаева Д. А., Ҳайитбоева Н.А. – ДДҲБСТ

 

You might also like