Муқобили ифротгароӣ овоз баланд мекунем!
Дар тули 28 соли соҳибистиқлолии мамлакат, ки шояд дар назди таърих фосилаи зиёде намебошад, кишвари мо ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардид.
Ноил гаштан ба марҳилаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷангҳои бародаркуш беҳтарин неъматест, ки барои миллати мо дар ин фосилаи кутоҳ ба ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат насиб гардид. Беҳуда нест, ки роҳбари давлати моро имрўз дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдат ном мебаранд. Воқеан, сулҳе, ки миёни тоҷикон бо талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, дастоварди беназирест, ки кишварҳои дигари олам солҳо чунин сулҳу субот ва оромишро интизорӣ мекашанд.
Дар ҷомеаи имрўза, ки ҷаҳон лабрези ҷангу хушунат ва қатлу куштор дар минтақаҳои мухталиф аст ва ҳамзамон кишварҳои ҷангзада дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ меафзоянд, аҳамияти сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад. Ҷаҳониён ҳатто хостори он ҳастанд, ки имрўз аз сулҳи тоҷикон дарси ибрат омўзанд, аз ин сулҳе, ки бо талошҳо ва ҷонбозиҳои меъмори он Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати мо гардид.
Дар равияхои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ низ дар давоми солҳои охир мо ба хеле аз дастовардҳои наҷиб ва муҳим сарфароз гардидем, ки ин пеш аз ҳама боз ҳам ҳамоно ба ҳамин сулҳ ва ваҳдати миллӣ такя мекунад. Саросари Тоҷикистони азизи мо имрўз шукуфону нурборон ва чароғон мегардад. Шаҳрвандони кишвар ин шукуфоиву пешрафтро мушоҳида намуда, бо дилбастагиву дилгармии зиёд ҳамарўза пайи ибтикороти нав талош менамоянд.
Ин сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ мардумро ба сўи арзишҳои олии инсонӣ ҳидоятгарӣ намудааст. Хоса, аҳли илму маориф имрўз аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, имрўз воқеан аҳли маориф қаноатмандӣ аз он доранд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлати Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок ба шумор омадааст ва дар ин афзалиятнокӣ дар воқеъ мо шоҳиди беҳтарину олитарин дастовардҳо дар соҳаи маориф гардидем.
Аз ин нуктаи назар, мо аҳли маориф, хоса устодону омўзгорони ҷавон қаноатманд аз он ҳастем, ки дар сиёсати сарвари давлат ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз аҳли илму маориф ҷойгоҳи хосае касб намудааст ва ин моро итминон мебахшад, ки ба сўи ояндаи пур аз шукуфоиву нусратҳо дар зери ҳидояти Пешвои миллати хеш равона ҳастем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.
Ин гуфтаҳои Пешвои миллат моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба масъалаи мазкур эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем ва бо кору созандагӣ Ватанро обод намоем.
Олимов Д. – ассистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ