Тоҷикистон кишвари амну осоиш аст!

Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари кудрат омаданашон барои таҳими сулҳу субот ва амнияти миллӣ саъю талошҳои зиёде ба харҷ медиханд.

Дар ҳамон замоне, ки Тоҷикистони тозаистиклол қадамхои хешро барои ба сулҳ расидан мемонд, гурӯҳҳои зиёде мехостанд, ки ба он монеа шаванд. Аммо сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар дилу хуни хар як шахрванди бонангу номуси кишвар ҷой гирифта, ин монеагирихоро паси сар намояд. Акнун, ки имруз мо сулҳро дар Тоҷикистони азизамон пойдор кардем, бархе аз гурӯҳҳои ифротӣ чун ТТЭ ҲНИ мехоханд, ки ба сулху ягонагии миллат монеа эҷод намоянд.

Вахдат — бехтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон дар хар замину замон аст. Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон чонибдории мамлакатхои хамзамони берунмарзӣ мавкеу макоми онро дар миқёси чахон овозадор менамояд. Имруз иттифок ва хамдилии халки точик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттахид ва бисёр ташкилотхои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо рохи вахдат, якдигарфахмӣ истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба бехбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт ру меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Хар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад. дарахт соле як маротиба хосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, чомеаи мо аз он бахравар гардид, мо харгиз роҳ, намедихем, ки дигар теша ба решаӣ он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулху ваҳдат ташбех додаанд, имрузҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Точикистон, сохтмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хоричи кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт. Хулоса чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулху вахдати кишвари азизам имруз меболем.

Масъалаи таъмини амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ пайдо намудааст. Дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ объекти муҳими тадқиқи илмҳои сиёсӣ мансуб меёбанд. Давлат таъмини амниятро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки фаъолияти хеш медонад.

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария

ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like