ЭЪЛОН!
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ мерасонад, ки бо мақсади боло бурдани сатҳи фаъолияти омӯзгорӣ, таҳким бахшидани корҳои таълимиву илмӣ, тарбиявӣ ва дастгирии ташаббусҳои созанда дар донишгоҳ озмунҳои зеринро эълон менамояд:
«Омӯзгори намунавии сол»
«Кафедраи беҳтарин»
«Сарпараст (куратор) ва гурӯҳи беҳтарин»
«Факултети беҳтарин»
Ғолибони озмунҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Низомномаи муфассали озмун тариқи почтаи дохилии донишгоҳ ба ҳамаи факултетҳо ва кафедраҳо ирсол гардидааст. Аз ҳайати омӯзгорӣ ва сохторҳои марбута хоҳиш карда мешавад, ки бо Низомнома шинос шуда, барои иштирок дар озмунҳо фаъолона иштирок намоянд.
Раёсати донишгоҳ барои иштироки фаъол ва ташаббусҳои созандаи ҳар яки шумо умедвор аст.
Озмунҳои мазкур дар анҷоми сол ҷамъбаст хоҳанд шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон