ДДҲБСТ: Баргузории чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи «Терроризм ва ифротгароӣ – падидаҳои номатлуби замони муосир»
27 октябри соли 2025 дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Терроризм ва ифротгароӣ – падидаҳои номатлуби замони муосир» баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, н.и.с., дотсент Якубов Ҷ.К. ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки терроризм дар замони ҳозира яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии глобалӣ ба шумор меравад. Мавҷудияти терроризм аз паси худ қурбоншавии аҳолиро мебарад, инчунин арзишҳои моддию маданӣ вайрон мешаванд, ки азнавсозии онҳо асрҳо давом мекунад. Терроризм байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ кина ва нобовариро пайдо месозад. Актҳои террористӣ ба зарурияти ташкили системаи байналхалқии мубориза бар зидди он оварда расонид. Барои баъзе одамон, гурўҳҳо, ташкилотҳо терроризм роҳи ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, динӣ ва миллӣ гардидааст. Терроризм ба он намуди зўрии ҷиноятӣ дохил мешавад, ки қурбони он мардуми бегуноҳ ё шахсе, ки ягон хел муносибат ба низоъ надорад, мешавад. Бинобар ин, ҷавонон бояд дониши сиёсиву касбии худро баланд бардошта, аз шомилшвӣ ба ин гуна гурӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин дар чорабинии мазкур муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Саидова М.А. дар мавзуи “Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Ҳошимова Н.А. дар мавзуи “Шаклҳои муосири зоҳиршавии терроризм ва ифротгароӣ” ва донишҷуи курси 4-уми ихтисоси 1-23.01.06.01 Болтазода Қ. дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” маърӯза намуданд.
Зимни баромади маърӯзачиён қайд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин доғи рӯз чунин нуктаро баён кардаанд: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Илова шуд, ки яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Хулоса, барои мубориза бурдан бо радикализм, ифротгароӣ ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ мубориза барем ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ дорем.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








