ДДҲБСТ: ШУНАВАНДАГОНИ КУРСҲОИ ТАЙЁРӢ ВА ЗАБОНОМӮЗӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД
10 июни соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курсҳои тайёрӣ ҷиҳати омодагӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва курсҳои забономӯзӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода, намояндаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гуруҳи байналмилалии сармоягузорӣ – сохтмонии Синлан» ҷаноби Алисие, муовини ректор оид ба таълим Фазлиддинзода Дониш, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – котиби масъули комиссияи қабули Донишгоҳ барои соли таҳсили 2026–2027 Анварбек Бобоев, мудири Маркази забонҳои хориҷӣ ва курсҳои тайёрӣ Ачилова Дилором, устодону кормандон ва шунавандагони курсҳо иштирок намуданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ҳозиринро бо анҷоми бомуваффақияти курсҳо табрик намуда, таъкид кард, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсилу камолоти ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷавонон ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд.
Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ доир ба имкониятҳои таълимӣ, илмӣ ва байналмилалии муассиса суханронӣ намуда, ҷавононро ба интихоби бошууронаи касб ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳидоят намуд.
Сипас, мудири Маркази забонҳои хориҷӣ ва курсҳои тайёрӣ Ачилова Д. оид ба фаъолияти марказ дар соли таҳсили 2025–2026 маълумот пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки дар ин давра 250 нафар шунаванда ба курсҳои тайёрӣ ва забономӯзӣ ҷалб гардида, аз рӯи панҷ кластер барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашуда омодагӣ дидаанд.
Таъкид карда шуд, ки дар доираи курсҳо шунавандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, ҳуқуқ, география, химия, физика, математика, биология ва забони англисӣ донишҳои назариявию амалӣ ба даст оварданд. Дар раванди таълим аз технологияҳои муосири омӯзишӣ, воситаҳои техникии инноватсионӣ ва усулҳои интерактивии таълим васеъ истифода гардида, барои таҳкими донишҳои шунавандагон машғулиятҳои амалӣ ва санҷишҳои тестӣ мунтазам баргузор шуданд.
Зимни суханрониҳо зикр гардид, ки фаъолияти курсҳои тайёрӣ дар омода намудани довталабон ба имтиҳонҳои марказонидашуда ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои забонӣ нақши муҳим дошта, ҳамасола таваҷҷуҳи шумораи зиёди ҷавононро ба худ ҷалб менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи 250 нафар хатмкунандагони курсҳои тайёрӣ ва забономӯзӣ шаҳодатномаҳои хатм супорида шуда, ба онҳо дар идомаи таҳсил, интихоби дурусти касб ва ноил гардидан ба дастовардҳои нав орзуи муваффақият карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






















