ДОНИШҶӮИ ДДҲБСТ СОҲИБИ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ГАРДИД

Донишҷӯи соли якуми ихтисоси молия ва қарз, факултети молия ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Обидзода Амирҷон дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнониву румӣ натиҷаи назаррас ба даст оварда, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Мусобиқа бо иштироки варзишгарони 15 давлати қораи Осиё баргузор шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро панҷ нафар паҳлавони ҷавон намояндагӣ намуданд. Дар ин рақобатҳои пуршиддат Обидзода Амирҷон маҳорати баланди варзишӣ, иродаи қавӣ ва омодагии хуби ҷисмониро нишон дода, бо шикаст додани ду ҳарифи пурқуввати худ ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.
Ин дастоварди арзишманд натиҷаи заҳмати пайваста, талошҳои шабонарӯзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии варзишгари ҷавон буда, мояи ифтихори ҷомеаи донишгоҳӣ ва кишвари азизамон маҳсуб меёбад.
Ба муносибати ин комёбӣ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода варзишгари муваффақро ба ҳузур пазируфта, ӯро барои ноил гардидан ба натиҷаи баланд самимона табрик намуд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва рушди варзиш яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳ ба шумор рафта, чунин пирӯзиҳо барои дигар донишҷӯён низ намунаи ибрат мебошанд.
Ректори Донишгоҳ ба Обидзода Амирҷон дар идомаи фаъолияти варзишӣ барору муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу намуда, изҳори боварӣ кард, ки ӯ минбаъд низ бо дастовардҳои нави варзишӣ номи кишвари азизамонро дар арсаҳои байналмилалӣ муаррифӣ хоҳад кард.
Дастоварди навбатии донишҷӯи ДДҲБСТ бори дигар собит месозад, ки ҷавонони Донишгоҳ дар баробари омӯзиши илм, дар соҳаи варзиш низ ба натиҷаҳои шоиста ноил гардида, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like