Хизматҳои арзандаи Президенти кишвар дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои сипаригардидаи давраи баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёд оварда пешравӣ ва бохтҳои ҷойдоштаро андеша мекунем. Албатта хуб мешуд, агар ин хел шавад ва ё дигар хел гардад, гўён мақсадҳои боз ҳам баландтар ва бузургтарро ишора намудан мумкин аст. Вале на ҳама вақт имкониятҳо бо хоҳиши шахс рост меояд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи қариб 30-солаи баъди пайдо намудани истиқлолиятро бо як мураккабӣ, бо душвориҳои шиддатнокии вазъи сиёсиву вазнинии ҳолати иқтисодӣ гузаронида истодааст, гузоштани ҳадафҳои баланди аз ҳад дастнорас ғайриимкон ва ғайривоқеӣ мебошад.
Муҳаммадиқболи Садриддин дар мақолаи худ бо номи «Аз гумоштагӣ то ба пешвоӣ, ҳафт хиёнати бузург», ҳашт ғалатро номбар намуда истодааст, ки гўё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати худ хиёнат намуда бошад. Албатта аз хондани ин маводи нангин ва бўҳтонӣ ба назари хонанда маҳз ана ҳамон солҳое, ки мо баъди давраи пайдо намудани истиқлолият паси сар намудем, ҷилвагар мешавад. Натиҷаҳои ноилгардидаи кишвар дар самтҳои гуногун: иқтисодиёт, сиёсат, илму фарҳанг, кишоварзӣ ва ғ. шоистаи қайд ва баҳодиҳии мусбӣ мебошад. Агар, ба гуфти ин шахси беимон Эмомалӣ Раҳмон хоини давлат бошад, чунин натиҷаҳо ба даст меомаданд? Дар арсаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф намуданд ва хизматҳои Сарвари кишварро қадрдонӣ намудаанд. Ҷумхурии сохибистиқлоли Точикистон дар зарфи қариб 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназири таърихӣ соҳиб гашт, ки ҳамаи ин комёбиҳо тавассути рохбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Хизматҳои софдилона ва фидокоронаи Сарвари давлат чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо ва густариши ҷомеаи умумибашарӣ у ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумичаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ мушарраф гаштааст. Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат Сарвари давлат сазовори ҷоизаи олӣ – медали тиллоии «Барои сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» – и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардид.
Ҳамзамон, Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун барои хизматҳояш бо ордени алмосдори «Ситораи сарпараст», ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср», ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – и ЮНЕСКО, ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Абрешим ва дигар ҷоизаву мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.
Дар хотима бояд ҳаминро қайд кард, ки маҳз тавассути талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз фоҷиаи миллӣ – ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Солиев И.М. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ