ТОҶИКИСТОН ВА ИДМ: Қадамҳои муҳим дар роҳи рушди устувор  

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст. Ҳамчунин асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати дарҳои боз, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳама субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил медиҳад.

Сиёсати хориҷии имкон медиҳад, ки ҳар як кишвар барои таъмини бехатарӣ, инкишофи соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг шароити мусоид фароҳам омада, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат ва ҳифз карда шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хориҷӣ на танҳо дар таҳкими суботи сиёсӣ, балки барои таъмини рушди устувори минтақа ва ҷаҳон нақши асосӣ дорад. Дар ин раванд Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар амалишавии ҳадафҳои созандаи кишвар ва ба роҳ мондани муносибатҳои бисёрҷониба бо давлатҳои ба он аъзо ҳамчун ба сифати платформаи муҳим баромад мекунад.

Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи солҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар асоси ҳавзаи аввали сиёсати хориҷии худ, ба роҳ мондани ҳамкориҳоро бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз авлавиятҳои худ медонад. Аъзогии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои пасошӯравӣ, танзими мушкилотҳои байни кишварҳои аъзо ва пешбурди дипломатияи фаъол ва сулҳҷӯёна мусоидат намуд. Илова ба ин, дар давраи аъзогии худ Тоҷикистон тавонист барои пешбурди фаъолияти созмони мазкур нақши босазои худро гузошта бошад. Дастовардҳои назаррас дар ин самт маҳз дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон ба назар мерасанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки соли ҷорӣ низ раёсати ИДМ ба уҳдаи Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин давра дар доираи созмон як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобила байни кишварҳои аъзои созмон нақши худро гузоштанд.

Аз ҷумла, баргузории ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе барои рушд ва эҳёи созмон қадами муҳим ва устувор гузошт. Нуқтаи мазкурро аксарияти коршиносон низ тасдиқ намуда, қайд намуданд, ки: «Душанбе ба ИДМ ҷони дубора бахшид». Зеро барномаву шартномаҳо, консепсияҳо ва эъломиҳои ҳамкориҳое, ки дар доираи ҷаласа қабул карда шуданд, барои рушд ва эҳёи созмон аҳамияти муҳим доранд. Яке аз ташаббуси муҳим дар ҷаласаи мазкур таъсиси формати «ИДМ+» мебошанд. Ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкориҳои худро бо субъектони дигари муносибатҳои байналхалқӣ ба роҳ монда бошанд. Ҳамчунин формати мазкур имкон медиҳад, ки ҷонибҳои манфиатдор дар чорабиниҳое, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд ширкат варзида, барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ роҳи нави муносибатҳоро боз намуда бошанд. Илова ба ин, тахмин меравад, ки дар оянда ба Созмони Ҳамкории Шанхай мақоми нозир дар ҷаласаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад, ки дар натиҷа кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ метавонанд дар соҳаҳои муҳим ҳамкориҳои худро ба роҳ монда бошанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар ҷаласаи ИДМ чунин санадҳои муҳим қабул карда шуданд:

  • Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2026-2028;
  • Барномаи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2026-2030;
  • Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2030;
  • Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва анҷом додани интиқоли назоратшавандаи байналмилалӣ ва Протоколи Конвенсия дар бораи супоридани маҳкумшудагон;
  • Эъломияи ҳамкорӣ дар таъмини амнияти энержии минтақа ва ғайра.

Қабули санадҳои мазкур дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самтҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ҳарбию техникӣ, иттилоотӣ ва кадрӣ барои муқовимат ба таҳдидҳо дар амнияти сарҳадҳо имкониятҳои васеъро ба миён меорад.

Дар ҷаласаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хидматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона» қадрдонӣ карда шуданд. Сарфароз гардидани Сарвари давлат бо медали «Барои хидматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона» нишон аз фаъолияти босамари шахсияти роҳбари давлат ва нақш гузоштан дар рушди созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дониста мешавад.

Хулоса, нақши Тоҷикистон на танҳо дар ташаккул ва инкишофи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳим аст, балки барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва мавқеъгирӣ дар нигоҳдошти суботи сиёсӣ дар байни кишварҳои аъзо бузург дониста мешавад. Зеро дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар баробари баррасии масъалаҳои гуногун ва қабули санадҳои муҳим ҳамчунин имкон фароҳам овард, ки муносибати байни кишварҳои Озарбойҷон ва Арманистон дар зинаи нави дӯстӣ қарор дода шавад. Сари мизи дӯстӣ ба ҳам омадани роҳбарони кишварҳои Озарбойҷон ва Арманистон дар сарзамини Тоҷикистонро Президенти Қазоқистон Қосим-Жомат Тоқаев низ тасдиқ намуд. Дар идома бошад, доир ба ҳодисаи мазкур роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанберо «Майдони сулҳу дӯстӣ аст» унвон карданд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ на танҳо бо ташаббусҳои созанда дар ҳалли масъалаҳо ва муаммоҳои умумибашарӣ нақш мегузорад, балки он сарзамини сулҳ ва ваҳдати халқҳои ҷаҳон аст.

Комилов М.М. – ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like