МОҲИЯТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА
Вазъи кунунии ҷаҳони муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки тезутундшавии фазои ҷомеа, талошҳои марзиву миллатгароӣ ба воситаи ифротӣ паҳн гардидааст.
Ҳолати баамаломадаи минтақаҳои гуногуни ҷаҳони пешрафта метавонад на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари давлатҳои тараққинамуда ва ё ақибмонда таъсири калон расонад. Яъне, ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798 – 1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Франсия, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар пайдо шудааст. Вале солҳои охир ин амал бо суръати тез паҳн гардидану решаронӣ таъсири худро ба ноором намудани шахсони бегуноҳ, дигаргун намудани тафаккуру идроки шахс расонида истодааст, ки аз давраи пайдоиш мақсади асосии онҳо ба ваҳму воҳима овардани аҳолӣ буд.
Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар аксари давлатҳо аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма гирифта, боиси ноором сохтани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва заиф намудани мавқеи ҳокимияти давлатӣ гардид. Бо мақсади решакан намудани терроризм аввалин маротиба соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Сониян 23 декабри соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз нав қабул карда шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техникаю афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти ифротӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ, пеш аз ҳама ташкили мактабу гуруҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд.
Баробари ин маълум мегардад, ки мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ ва дигар маводҳо замина гузошта истодаанд.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳадди имкон маҳдуд карда шавад.
Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.
Аз нуқтаи назари пешрафти замони муосир дар раванди демократикунонӣ фарҳанги сиёсии мардум ба маротиб бояд боло равад, вале воқеаҳои глобалии сиёсии давлатҳои хориҷӣ, гувоҳи он аст, ки меъёри соҳибихтиёриву демократӣ, ҳамчун давлатҳои мустақилу ягона ва озодихоҳ риоя нагардида, ба шакли тундгарову таъсиси гуруҳҳои алоҳида дар дохили давлат баҳри парокандаву таъсири мусбӣ расонидан ба кишварҳои дигар амал карда истодааст. Ин амалҳо то рафт зиёд гардида, таъсири он ба шахсони бегуноҳу озодихоҳ ва мардуми осоишта зарари ҷиддӣ расонида истодааст. Ба воситаи озодона ба роҳ мондани барномаву шабакаҳои иҷтимоии гуногун бо мақсади ҷалби миллионҳо нафар шахсон ва бо ин мақсад ҷалб намудани гуруҳҳои худ таъсис дода мешаванд. Агар мо ба самти технология аҳамият диҳем, он равнақ ёфта, маҳдуд шудани он дар байни ҷомеа меъёр надорад. Бинобар он, ки аксарияти ҷавонон бо шабакаҳои иҷтимоӣ сарукор доранд, гаравидани онҳоро гуруҳҳои бадхоҳ мехоҳанд моил созанд, зеро муҳиту фаъолияти ҷомеа ба шабакаҳои иҷтимоӣ пайваставу вобаста гардидааст. Ин хусусият бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, худи технологияи идоракунии онҳо дар ҷомеа бе меъёр гардида, идорашавии он мушкил гашта истодааст. Илм ҳам собит намудааст, ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда истодаанд.
Дар чунин шароити ҷаҳонишавӣ фаъолгардонии ниҳодҳои иҷтимоии низоми сиёсӣ муҳим буда, дар ин раванд бояд ҳамбастагии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад. Бряд зикр намуд, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки дар миёни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байнашон мафкура ва ҷаҳонбинии танг, тартиби ба бар кардани либосҳои бегона, ҳавасҳои ноаён ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати руҳӣ, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳарчанде шахс ҷисман дар муҳити иҷтимоӣ бошад ҳам, вале руҳан дар муҳити иҷтимоии дигар шуда метавонад. Баҳри бартараф намудани ин мушкилӣ дар шакли васеи таъсиррасониҳо алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила аз байн набояд раванд. Зеро барои додани тарбияи дуруст ба насли наврас , соҳибкасб омода намудани ҷавонон ва ҳамчун инсони худшиносу худогоҳ, дорои фаҳмиши хуби равандҳои сиёсӣ, дар замони муосир ин омили заруриест, ки аз оила сарчашма мегирад.
Дар таҷрибаи сиёсӣ собит гаштааст, ки зуҳуроти алоҳида қодир аст ба ҷараёни раванди сиёсӣ таъсири худро расонад. Ин таъсиррасонӣ тавассути қабули ин ё он зуҳурот аз ҷониби ҷомеа ба миён меояд, яъне қабули ҷомеа метавонад равандро тақвият бахшад ва ё баръакс, ин зуҳурот метавонад нафрати ҷомеаро ба миён оварда, боиси аз байн рафтани он гардад. Ҳодисаи зикршуда, ки имрӯз нафрати ҷомеаро дар кишварҳои гуногун ба вуҷуд овардааст, чашми аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро ба моҳияти ҳурофот бояд кушода дод, то ки ин зуҳуроти манфӣ решакан карда шуда, қаллобону фиребгароне ки дар ин роҳанд, нафратзадаи ҷомеа гарданд.
Кабирзода Г.Қ. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ