Терроризм ва экстремизм — таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ҷомеа
Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ташвишоваре, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Ин ду падида хатари бузурге барои суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд. Амалҳои террористӣ ва ифротгароёна на танҳо ҷони инсонҳоро мегиранд, балки боиси нооромӣ, нобоварӣ ва парокандагии ҷомеа низ мегарданд.
Терроризм — ин амалҳои зӯроварона ва тарснок мебошанд, ки бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё мазҳабӣ анҷом дода мешаванд. Дар чунин амалҳо гурӯҳҳои террористӣ бо роҳи истифодаи зӯр, таркиш, қатл ва ноором кардани ҷомеа кӯшиш мекунанд, ки ба ҳадафҳои худ расанд.
Экстремизм бошад, маънои риояи шадид ва ифротии ақидаҳоеро дорад, ки хилофи арзишҳои инсондӯстӣ, динӣ ва миллӣ мебошанд. Экстремизм метавонад оғози роҳи терроризм гардад, зеро бисёре аз амалҳои террористӣ дар натиҷаи паҳн шудани ғояҳои ифротӣ сурат мегиранд.
Сабабҳои асосии паҳншавии терроризм ва экстремизм гуногунанд. Аввалан, сатҳи пасти маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динии баъзе ҷавонон боис мегардад, ки онҳо фирефтаи таблиғоти гурўҳҳои ифротгаро шаванд. Дуюм, набудани шуғл ва вазъи ногувори иҷтимоию иқтисодӣ метавонад шахсро ба доми чунин ҳаракатҳо афтонад. Сеюм, истифодаи ғайриихтисосии шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, ки тавассути онҳо таблиғоти ифротгароёна ва афкорҳои радикалӣ паҳн мегарданд. Чунин омилҳо метавонанд шахс, хусусан ҷавононро аз роҳи дуруст дур созанд.
Оқибатҳои терроризм ва экстремизм бисёр хатарноканд. Онҳо боиси марги одамони бегуноҳ, харобии амвол, тарси доимӣ ва коста шудани эътибори давлат мегарданд. Дар натиҷа, сармоягузорон кишварро тарк мекунанд, соҳаҳои иқтисодӣ зарар мебинанд ва ваҳдати миллӣ халалдор мегардад.
Барои пешгирии ин падидаҳои номатлуб бояд чораҳои муассир андешида шаванд. Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон тавассути тарбияи дурусти хонаводагӣ, омӯзиши дурусти дини ислом, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ ва ҷалби онҳо ба ҳаёти солими ҷамъиятӣ муҳим мебошад. Ҳамзамон, бояд мақомоти дахлдор шабакаҳои иҷтимоиро зери назорати қонунӣ қарор диҳанд ва гурӯҳҳои таблиғотии ифротиро аз фаъолият боздоранд. Ҳамчунин, дастгирии иҷтимоии қишрҳои осебпазир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ метавонад нақши муҳиме дар коҳиши хатари экстремизм ва терроризм дошта бошад.
Дар ниҳоят метавон гуфт, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат ва ниҳодҳои қудратӣ, балки рисолати ҳар як шаҳрванди бедордилу ватандӯст мебошад. Танҳо дар ҳолати якдилӣ, ҳамкорӣ ва бедории маънавӣ метавонем ҷомеаи солим, мутамаддин ва орому пешрафтаро бунёд намоем.
Абдувоҳидова М. А. – муаллими калони кафедраи забони англисӣ