Шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «.. ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав -терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».
Паёмҳои Президенти кишвар бо муассиртарин суханҳо экстремизм ва терроризмро маҳкум мекунанд. Ҳанӯз 4-уми апрели соли 2002, 30-юми апрели соли 2004 ва баъдан 15-уми апрели соли 2009 Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои худ терроризм ва экстремизмро ҷиноятҳои хавфноки муосир номида, камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани воқеияти низоми ҷаҳонӣ, сатҳи пасти маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофи фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳоро дар арсаи байналмилалӣ чун сабабҳо ва омилҳои бавуҷудорандаи терроризм номиданд. Санаи 20-уми апрели соли 2011 бошад, Сарвари кишвар аз минбари баланд дар Паёми худ аз ҷаҳонӣ шудани зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ намуданд. Президенти кишвар бо огоҳии том мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми кишварро аз мавҷудияти зуҳуроти дигари хатарнок, чун радикализм, ки бародари ҳамхуни терроризму экстремизм аст, мутталеъ намуда, зарурати муқовимат ба онро низ таъкид карданд.
Терроризм ва экстремизм яке аз таҳдидҳои ҷиддие мебошанд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд. Ин падидаҳои номатлуб на танҳо амнияти миллӣ, балки субот, арзишҳои инсонӣ ва рушди иҷтимоиро низ таҳти хатар мегузоранд, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср набошанд ҳам, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Терроризм амале мебошад, ки ҳадафаш тарсонидани аҳолӣ, таъсир ба сиёсати давлатӣ ё маҷбур кардани ҳокимият барои иҷрои талаботҳои номақбул мебошад. Экстремизм бошад, паҳн намудани ғояҳои ифротгароёна ва амалҳои зиддиқонунӣ мебошад, ки ба зўроварӣ ё вайрон кардани низомҳои ҷамъиятӣ равона шудаанд. Омилҳое, ки барои содир кардани чунин амалҳои номатлуб баромад менамоянд: сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва таҳсилот, бекорӣ ва камбизоатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, истифодаи нодурусти дин барои таҳрик додани ҷавонон, технологияҳои иттилотӣ, ки барои таблиғи ғояҳои ифротгароӣ истифода мешаванд. Ба фикри мо, чораҳои пешгирӣ барои ин падидаҳои номатлуб баромад менамояд: баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон тавассути таълими дуруст, тақвият додани ҳамкориҳои байналмилалӣ барои мубориза бо шабакаҳои террористӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, имкониятҳои рушди иқтисодӣ.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд бояд дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб саҳм гузорад. Тарбия ва таълими насли наврас, ҳамкорӣ бо мақомот ва бохабар будан аз таҳдидҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошанд. Дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию чавонон имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин падидахои номатлуб гирифта шавад, суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Мо, ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, балки масъулияти тамоми инсоният аст, танҳо тавассути ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мо метавонем ин таҳдидҳоро рафъ кунем.
Авезова З.Б. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ