Сулҳ ва оромӣ – неъмати олитарин

Воқеаҳои нангине, ки солҳои 1992 – 1997  дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омаданд, ба таърихи Ватан чун саҳифаҳои сиёҳу тира дохил гардиданд. Таърихнигорон ин ҳодисаҳоро бо номҳои “ҷанги бародаркуш”, “ҷанги шаҳрвандӣ” эзоҳ додаанд. Сабаби сар задани ин ҷанг қабл аз ҳама норасогиҳои иқтисодӣ буда, онҳо дар солҳои буҳрон, яъне солҳои охири мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада буданд. Душманони миллат аз ин вазъият истифода бурда, байни мардум дасисаҳои худро барандохтанд. Як гурӯҳ экстремистон исломро ниқоб карда, ошкоро зидди Ҳукумати Тоҷикистон баромад карданд.  Онҳо бо барномаи сиёсӣ ва ғояҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб намуданд. Сипас, онҳо алангаи ҷангро афрохтанд, ки он қисми марказӣ ва ҷанубии мамлакатро фаро гирифт.  Ба экстремистон душманони хориҷӣ аз ҷиҳати моддию  маънавӣ  кӯмак мерасониданд.

Дар натиҷаи ин воқеаҳои мудҳиш зиёда аз 100 ҳазор нафар одамон ҳалок шуданд, шаҳрвандони зиёд ватанро тарк карда, ба мамлакатҳои хориҷа фирор намуданд. Ба миқдори 10 миллиард доллари ИМА ба иқтисодиёти кишвар  зарари моддӣ расонида шуд.

Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим фақат бар зидди аҷнабиёне, ки ба хоки онҳо ҳуҷум мекарданд, муборизаи қаҳрамонона мебурд, на ин ки тоҷик алайҳи бародари худ. Дар он айёме, ки дар сарзамини мо давлати демократӣ ҳукмрон гашта ҳамаи шаҳрвандон баробарҳуқуқанд, дар он айёме, ки дар кишвари мо истиқлол ва озодӣ пойдор гардида буд, ба вуқӯъ омадани чунин муноқишаҳои сиёсӣ байни наслҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҳофизу Ҷомӣ, Айниву Турсунзода, ки онҳоро аҳли олам мешиносанд, ғайричашмдошт буданд.

Пас аз иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ мардуми кишварамон бо роҳбарии фарзанди шоистаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хомӯш намудани алангаи ҷанг   ва барқарори сулҳ   муборизаро шурӯъ карданд. Дар натиҷаи заҳматҳои зиёд, баъди 8 – мулоқот ва 5 -машварат байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин дар мамлакат 27 июни соли 1997 сулҳ ва ваҳдати миллӣ  тантана кард. Ниёгон гуфтанд: “Бе ранҷ ганҷ ҳосил нашавад”. Оре, ҳоло дар диёри мо сулҳу осоиш ҳукмфармост, дар зери осмони мусаффо шодиву сурури кӯдакон дар ҳар хонадон садо медиҳад, ки ин хушбахтӣ аст.

Ҷумҳурии мо сол аз сол равнақ меёбад, Тоҷикистонро кулли давлатҳои дунё шинохта, дӯстию ҳамкории халқҳо бо он афзун шуда истодааст. Дар пойдор шудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ саҳми фарзанди барӯманди меҳан, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Корпуси байналхалқии Сулҳ хизматҳои шоистаи ӯро мадди назар карда, соли 2000 Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ мушарраф гардонид.

Бигзор, оромӣ ва дустию ваҳдат  на фақат дар марзу буми Тоҷикистон, балки дар тамоми сайёраи мо чун кабӯтар болу пар занад. Зеро, сулҳ неъмати бебаҳо ва олитарини ҳаёт аст.

Файзуллоева М.Ш.-  н.и.т., дотсенти кафедраи таърих ва диншиносӣ

 

 

You might also like