Зиракии сиёсӣ
Сад дареғ, ки миёни ҷанговарони ба ном Давлати исломии ироқу Шом ҷавонони фиребхурдаи тоҷик низ ҳастанд. Чӣ сабаб аст, ки онҳо ба сафи ин ҳаллодону қотилон пайвастанд? Шояд ташвиқу даъвату бесаводон, ки барои паҳнкунии ғояҳои дини мубини ислом тавассути хоҷагони пасипардагӣ маънидод мекунан? Ин фиреби маҳз аст! Охир, куштору ғорат, азобу ранҷи инсон, рехтани хуни ноҳақ, қатли занону кудакони бегуноҳ, пирони нотавон, ба харобазор мубаддал кардани шаҳру мавзеъҳои обод магар метавонад аз фармудаҳои Худову Расули барҳаққи ӯ бошад? Ҳаргиз чунин нест!
То ҷое, ки ҳамаи мо медонем дини мубини ислом ҳамеша ҷонибдори ҳамдигарфаҳмӣ ва тантанаи ваҳдату дустӣ миёни халқҳои олам мебошад. Дини мо тарғибгари ҳаёти осудаву ширини инсон, ободиву шукуфоии зиндагӣ дар руи замин аст.
Ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумият надорад, баръакс таълим медиҳад зидди ин падидаҳои хатарнок мубориз барем. Вале қувваҳое, ҳастанд, ки аз дин суиистеъмол мекунанд ва дар роҳи баи худ истифода мебаранд.
Имруз Тоҷикистони азизи мо ба эътирофи тамоми мардуми олам шарафёб гардидааст. Ободкориҳое, ки тули солҳои истиқлолият дар кишварамон ба амал омадаанд, қиёснопазиранд. Ин ободкориҳоро мо бояд давом диҳем, то ки диёрамон боз ҳам зебою шукуфо гардад.
Имомназарова М.Б. – сармуаллимаи
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ