Коррупсия – таҳдид ба амнияти миллӣ
Коррупсия ба амният ва низоми давлатдорӣ таҳдиди ошкоро ва ниҳонӣ дошта, ба фалаҷшавии ҷамъият ва идоракунии он оварда мерасонад. Навъҳои мухталифи коррупсия ба амният ва суботи Тоҷикистон таъсири яксон надошта, дар баъзе мавридҳо он метавонад ба мисли дигар кишварҳо, омили асосии фаъол гардидани унсурҳои ҷиноятпеша дар ҷомеа гардад, ки дар натиҷаи ба вуҷудоии чунин вазъияти номусоид он метавонад боиси зери суол қарор гирифтани амнияту субот дар кишвар гардад. Дар чунин ҳолат мо метавонем шоҳиди мусоидати коррупсия ба фаъолгардии гурӯҳҳо ва созмонҳои мухталифи ифротгаро, гурӯҳҳои мутташакили қочоқи маводи мухаддир ва мисли он гардем, ки онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ метавонанд аз мусоидати субъектҳои ваколатдор ё дар хизмати давлатӣ қарордошта истифода намоянд. Бо назардошти ин таъсири тадриҷии чунин падидаи номатлуб дар оянда метавонад ҳамчун омили асосие, ба мисли бемории сироятӣ барои амнияти ҷомеа гардад.[1-65]
Дар натиҷа коррупсия ба соҳаҳои мухталифи ҳаётӣ таъсири манфии худро гузошта, аз ҷумла ба бесаводгардии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, паст рафтани рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, носолимии шаҳрвандон, истеҳсолу истеъмоли молҳои зараровар ба саломатӣ ва ғайра оварда мерасонад. Ин падидаи номатлуб ҷомеаро ба мушкилоти зиёд гирифтор намуда, сабабгори асосии ба буҳрони амиқи иқтисодию сиёсӣ мубтало шудани он мегардад ва чунин ҳолат амнияту суботи миллиро зери хатар мегузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро ба мисли терроризм ва экстремизм мушкилии глобалӣ шуморида, онро чун хатаре арзёбӣ намудааст, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад. .[2-22]
Маврид базикр аст, ки эътирофи коррупсия чун таҳдид ба амнияти Тоҷикистон дар Стратегияи зиддикоррупсионии кишвар ба тариқи возеҳ нишон дода шудааст. Ин падидаи номатлуб дар ин санади муҳим ҳамчун зуҳуроти хавфноки ҷомеа дониста шуда, он дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва монеаи рушди суботи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо эътироф гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки олимон ва коршиносони тоҷик таъсири амиқи коррупсияро ба амнияту суботи Тоҷикистон ба таври махсус ишора намуда, ба чунин натиҷа расидаанд, ки ҳалли ин мушкилот аз ҷониби роҳбарият ва Ҳукумати кишвар яке аз мақсадҳои муҳими амнияти мамлакат мебошад. Бо назардошти ин муҳаққиқи тоҷик Асадуллоев И.К., вазифаи асосии наҷоти миллиро дар рафъ намудани коррупсия ва маҳалгароӣ донистааст. Аммо ба назари Шамолов А.А., амалӣ намудани стратегияи самаранокии мубориза ба муқобили коррупсия ҷавобгӯи манфиатҳои миллии давлат буда, ба устувории амнияти он мусоидат менамояд.[3-156]
Дар ин замина муҳаққиқ Сафаров С., ба чунин натиҷа расидааст, ки коррупсия бо дигар ҷинояткорӣ, бахусус бо навъҳои мухталифи ҷинояткориҳои муташаккилона, ба мисли пулшӯӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа, савдои одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ғайра байни ҳам пайвастагии ногусастанӣ дорад.
Бояд хотирнишон сохт, ки мавҷудияти сатҳи баланди коррупсия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон метавонад заминаро барои зуҳури низоъҳои мусаллаҳона фароҳам созад. Масалан, бархӯрди мусаллаҳонаи миёни нерӯҳои қудратӣ ва дастаҳои ҷиноятпеша дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси кушта шудани даҳҳо нафар шахсони низомию мулкӣ гардид, аз ҷумла аз мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ шаҳодат медиҳад. Гурӯҳҳои муташаккили зиддиҳукуматӣ ба коррупсия ва ҷинояткории муташаккилона муттаҳам гардида буданд.[4-59] Ин зиддият дар Бадахшон воқеан ба амнияти сиёсии Тоҷикистон то ҷое таҳдиди ҷиддӣ дошт. Дар натиҷаи амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миқдори зиёди яроқ ва лавозимоти ҷангӣ ошкор ва мусодира карда шуда буд, ки тавассути қочоқ ва мусоидати коррупсия ба кишвар ворид гардида буданд. Ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015 далели дигари нақш доштани амали коррупсионӣ дар эҷоди ноамнӣ дар Тоҷикистон мебошад. Заминаи асосии зуҳури низоъ дар ин давра берун рафтани субъекҳои манфиатхоҳ аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ буд, ки нерӯҳои дар тобеияти худ доштаро бар зидди ҳокимияти сиёсӣ ва бо мақсади табоддулоти давлатӣ истифода бурданд.
Тоҷикистон дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ қарор дорад, ки ба яке аз истеҳсолкунандагони асосии маводи мухаддир – Афғонистон ҳамсарҳад буда, дар роҳи транзити бозори калони истеъмоли ин мавод – Россия ва Аврупо ҷойгир шудааст. Коррупсия дар мақомотҳои ҳифзи сарҳадӣ метавонад ба қочоқи маводи мухаддир ва яроқ ба Тоҷикистон мусоидат намояд. Афғонистон айни ҳол яке аз кишварҳои носубот ва яке аз истеҳсолкунандагони асосии ҳероин дар ҷаҳон мебошад, ки тақрибан 83%-и истеҳсоли ҳероини ҷаҳонӣ ба ин кишвар рост меояд. .[5-11]
Коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили марбут ба он дар айни замон хатари асосии ҷомеаҳои байналмилалӣ ва некӯаҳволии ҳам кишварҳои пешрафта ва ҳам дар ҳоли рушд мебошад. Дар ҷомеаҳое, ки коррупсия васеъ паҳн гаштааст, дороӣ ва пул метавонад нақши асосиро дар ҳалли масъалаҳо ва ҳимояи манфиатҳо дошта бошад. Гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ, ки аз қочоқи маводи мухаддир ва дигар намуди фаъолиятҳои ғайриқонунӣ маблағҳои зиёди пуливу молӣ ба даст меоранд, метавонанд дар ҷомеаҳои гирифтори коррупсия заминаи хубе барои фаъолияти худ фароҳам созанд. Дар ҷомеаҳои гирифтори коррупсия гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ ба осонӣ метавонанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои амниятӣ ва зидди маводи мухаддир ва ҳатто сатҳи баланди давлатӣ роҳ ёбанд. Чун Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои асоси геополитикӣ, махсусан дар ҷодаи шимолии транзитӣ ҳероини афғонӣ қарор дорад, наметавонад аз таваҷҷуҳи гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ дар канор бошад.
Муҳаққиқи тоҷик Имомов А., алоқамандии миёни коррупсия ва ҷинояткории муташаккилонаро махсус дарҷ намуда, ба чунин хулосае омадааст, ки коррупсияи паҳнгашта дар ҷомеа заминаи мусоидеро барои тақвияти ҷинояткории муташаккил ба миён меорад. Ӯ коррупсия ва ҷинояткории муташаккилонаро чун омилҳои воқеии хатарзо ба давлат ва ҷомеа меҳисобад. .[6-36]
Дар мавриди таъсири коррупсия ба рушди давлатдории миллии Тоҷикистон муҳаққиқ Солиев Ш.Х., ба чунин хулоса омадааст, ки дар шароити имрӯза бархе аз гурӯҳҳои оппозитсионӣ мардумро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба муборизаи сиёсии ғайриосоишта ва зӯроварона дар кишвар даъват менамоянд. Ин гурӯҳҳо пеш гирифтани муборизаи ғайриосоиштаи сиёсиро дар кишвар тарғиб мекунанд ва сатҳи мавҷудаи коррупсия дар кишвар яке аз қисматҳои асосии тарғиботи онҳо мебошад. Дар заминаи мушкилоти коррупсия гурӯҳҳои мухталифи мухолифи низоми сиёсии Тоҷикистон мехоҳанд ба фаъолияти худ тақвият бахшанд ва худро ба чашми мардуми кишвар чун наҷотбахш ва муборизи зидди фасодкорӣ дар ҷомеа муаррифӣ намоянд. Агарчанде, тарғиби онҳо бемавқею беасос ва ё худ манфиатхоҳона бошад ҳам, мантиқи зиддикоррупсионии он метавонад нафарони зиёдеро ба худ ҷалб созад.
Бояд гуфт, ки тавсеаи коррупсия дар ҷомеа рӯҳияи мардумро хароб месозад. Сатҳи тавсеъёфтаи ин мушкилот боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ заиф сохта, эътимоди онҳоро ба баланд рафтани сатҳи зиндагӣ, тақсими боадолатонаи захираҳои ҷамъиятӣ аз байн мебарад. Чунин ҳолат сабаби заиф ва корношоям шудани низоми давлатӣ гардида, то ба ҳадде мерасад, ки дар он давлат қодир буда наметавонад, ки вазифаҳои идории худро дуруст ба роҳ монад ва рушду нумӯъ ва суботи иҷтимоиро кафолат дода тавонад.
Бо назардошти ин дар аксари кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон рушди коррупсия метавонад то ба сатҳе расад, ки даст доштан ба аъмоли коррупсионӣ чун амри маъмулии зиндагӣ қабул карда шавад.
Инчунин мавҷудияти коррупсия дар Тоҷикистон ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол мекунад ва ҳаёти онҳоро ба хатар дучор менамояд. Агар намояндагони мухталифи назоратӣ ва комиссияҳои қабули лоиҳаҳо гирифтори коррупсия бошанд, пас чунин ҳолат боиси дастрас шудани молҳо ва хизматрасонии бесифат ба истеъмолкунандагон мешавад, ки албатта метавонад ба амният ва саломатии онҳо хатарзо бошад. Чунин ҳолат метавонад ба ҳаёти одамон таҳдид намояд. Дар чунин хусус шароитҳои ғайрисанитарӣ дар марказҳои хизматрасонӣ мисол шуда метавонанд. .[7-82]
Ҳамин тариқ, аз таҳлилҳо бармеояд, ки мавҷудияти коррупсия дар кишварҳо хатари зиёд дошта, он ба иқтисодиёт зарба ворид месозад, ки дар натиҷа шароити иҷтимоии аҳолӣ низ аз ин таъсир осебпазир мегардад. Дар чунин сурат халқ аз шахсони мансабдори давлатӣ, ки дар хизмати давлатӣ қарор доранд, бахусус дар симои онҳо аз давлат боварии худро аз даст медиҳад, ки он дар раванди идоранамоӣ бетаъсир нахоҳад буд. Масъалаи дигари ҳалталаб ин дар натиҷаи ба таври васеъ паҳн гардидани коррупсия барангехтанги ҳаргуна низоъҳо ва ҳисси маҳалгароӣ мебошад, ки ин омил дар таъмини амнияти миллӣ мушкилӣ пеш меорад. Таъсири коррупсия ба мавқеи давлат дар сатҳи байналхалқӣ низ бетаъсир намемонад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа