Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар ДДҲБСТ

22 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмиву назариявӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакӣ» баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, дотсент Шероз Мӯминзода, чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ – таҷлили сухан, ҳикмат ва фарҳанги оламшумули тоҷик аст. Устод Рӯдакӣ бо мероси гаронбаҳои худ поягузори адабиёти классикии мо маҳсуб меёбад.
Сипас, маърӯзаҳои илмии устодони маъруфи соҳа – Саидумон Саидов дар мавзӯи «Ғояҳои меҳварии ашъор ва осори мондагори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», Шавкат Рустамов бо номи «Рӯдакӣ ва масоили сарчашмашиносии осори ӯ», Нурихон Охунҷонова дар мавзӯи «Ифтихория, тазмину назира ва истиқболияҳо ба ашъори Рӯдакӣ», Мухбирахон Негматова бо номи «Ҳикматҳои Рӯдакӣ ва аҳамияти тарбиявии онҳо» шунида шуд.
Ҳамчунин, дар идомаи кори ҳамоиш шоири шинохта Абдуҷаббори Суруш перомуни ашъору осори Устод Рӯдакӣ ибррзи андеша кард.
Дар анҷом, донишҷӯён порчаҳо аз ашъори устод Рӯдакиро қироат намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон баргузор шуда, дар сатҳи баланди фарҳангӣ анҷом ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like