Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Илм ва технологияҳои маркетингии таъмини рушди устувори иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷикистон: муаммоҳо ва ҳалли онҳо» дар ДДҲБСТ

20 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм ва технологияҳои маркетингии таъмини рушди устувори иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷикистон: муаммоҳо ва ҳалли онҳо» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба ифтихори 60-солагии фаъолияти илмии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, барандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шаҳрванди Фахрии шаҳри Линколни ИМА – Алиҷон Бойматов бахшида шудааст.
Дар кори конференсия намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимони варзида, мутахассисони соҳа, устодони донишгоҳ ва меҳмонон ширкат варзиданд.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Шероз Мӯминзода баромад намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Мавсуф таъкид дошт, ки рушди ҷомеаи муосир бевосита ба илм ва технологияи навин алоқаманд буда, нақши олимон дар ин раванд калидӣ мебошад.
Мавсуф, ҳамзамон, ба профессор Алиҷон Бойматов ба муносибати 60-солагии фаъолияти пурмаҳсул ва хидматҳои арзандаашон дар рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ табрик гуфта, саҳми эшонро дар пешбурди илм ва иқтисодиёти вилояту ҷумҳурӣ хеле назаррас арзёбӣ намуд.
Таъкид шуд, ки таҳти роҳбарии профессор Бойматов то имрӯз 20 нафар номзад ва доктори илм ба камол расидаанд. Фаъолияти эшон намунаи хизматгузории содиқона ба Ватан мебошад.
Дар идома, намояндаи МИҲД – и вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб, д.и.и., профессори ДДМИТ Фақеров Ҳ.Н., д.и.и., профессори Донишгоҳи технологии шаҳри Москва Ҳусайнов А. Қ., д.и.и., профессори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Аминов И.А., д.и.и., профессор, сарходими Муассисаи давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Шарифзода Б.М. маърузаҳои илмӣ намуданд.
Маърӯзаҳо масоили муҳими рушди устувори иқтисодиёт, нақши маркетинг, омилҳои таъсиргузор ба рушди минтақаҳо, ва саҳми давлату Ҳукумат дар таъмини ин рушди устуворро дар бар гирифта, роҳҳои ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаро пешниҳод намуданд.
Махсус таъкид гардид, ки ташкил ва баргузор намудани чунин ҳамоишҳо бо ҳадафи рушди маркетинг, таҳкими тамаддуни илмии маҳаллӣ, ва арҷгузорӣ ба саҳми устодони варзида, аз ҷумла профессор Алиҷон Бойматов дар рушду пешрафти ҷомеа сурат мегирад.
Дар фарҷом, конференсия бо саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва мулоҳизаҳои илмӣ миёни иштирокчиён ба анҷом расид.

  Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like