Мулоқоти ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода бо донишҷӯёни соли аввал

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода зимни мулоқот бо донишҷӯёни соли аввал бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои донишҷӯии хеш иброз дошт, ки давраи донишҷӯӣ беҳтарин лаҳзаҳои зиндагӣ мебошад. Ӯ таъкид ба донишҷӯёни соли нахуст, зикр кард, ки ин давраро ба омӯзиши пайваста сипарӣ намоянд, то мутахассисони варзидаву соҳибкасб ба камол расида, ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Сӯҳбату мулоқот бо донишҷӯёни соли аввали таҳсили ҳамаи факултетҳои донишгоҳ аз 12 то 18 сентябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ баргузор гардид.
Дар мулоқот муовинони ректор, деканони факултетҳо, сардорони гуруҳҳои таълимӣ, устодони донишгоҳ ва донишҷӯёни соли аввал ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот Шероз Мӯминзода аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ёдовар шуда, нақши созандаи ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими истиқлолият ва рушду пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки донишгоҳ дорои аккредитатсияи байналмилалӣ буда, барои таълиму тадрис, корҳои амалӣ, забономӯзӣ ва рушди илмӣ-касбии донишҷӯён тамоми шароити замонавӣ муҳайё мебошад. Аз ҷумла, донишгоҳ дорои китобхонаи илмӣ ва электронӣ, лабораторияҳои муҷаҳҳаз, синфхонаҳои фаннӣ ва технологияи муосир, марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, парки технологии донишгоҳӣ, хобгоҳ ва шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои донишҷӯён аст.
Ҳамзамон, роҳбари донишгоҳ ба муҳимияти омӯзиши фанҳои тахассусӣ, забонҳои хориҷӣ, риояи интизоми донишҷӯӣ, ахлоқи ҳамида ва эҳтироми арзишҳои миллӣ таъкид кард. Ӯ донишҷӯёнро ба хондани китоб, рушди малакаҳои шахсӣ, забономӯзӣ ва иштироки фаъол дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ даъват намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, пешгирии ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, ҳифзи фарҳангу суннатҳои миллӣ, иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом, ректори донишгоҳ аз донишҷӯёни соли аввал даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда, пайваста дар талоши илмомӯзӣ, такмили касбу ҳунар, баланд бардоштани фарҳанги муошират ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошанд.
Донишҷӯён низ перомуни шароиту имконият ва дастгириҳои раёсати донишгоҳ саволҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like