Қабули довталабон ба зинаҳои таҳсилоти магистратура ва докторантура (PhD) дар ДДҲБСТ идома дорад!
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули довталабон ба зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар донишгоҳ то 30 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
🎓 Магистратура — зинаи муҳими таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷавононро барои ба даст овардани донишҳои амиқ, малакаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос омода месозад. Таҳсил дар зинаи магистратура 2 сол идома ёфта, дар шакли рӯзона баргузор мегардад.
📚 Докторантура (PhD) — зинаи таҳқиқотии таҳсилот мебошад, ки муҳаққиқони ҷавонро ба самти корҳои илмӣ ва дифои рисолаҳои илмӣ ҳидоят мекунад. Муддати таҳсил — 3 сол.
📌 Донишгоҳ қабули довталабонро аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ мондааст:
Сиёсатшиносӣ
Молия ва қарз
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Менеҷмент
Иқтисодиёти ҷаҳонӣ
Технология ва низоми иттилоот (дар иқтисодиёт)
Ҳуқуқшиносӣ
Андоз ва андозбандӣ
Иқтисодиёт ва идора дар корхона
Хадамоти гумрукӣ
Маркетинг
📄 Довталабоне, ки соҳиби дипломи аъло мебошанд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намудаанд, барои гирифтани стипендияҳои номӣ пешниҳод мегарданд.
✅ Шароити мусоиди таълим ва муҳити илмию таҳқиқотӣ барои магистрантону докторантон муҳайё мебошад.
📥 Барои маълумоти бештар ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба Комиссияи қабул муроҷиат намоед.
📞телефонҳо:
📱 92-732-13-01
📱 93-444-44-71
☎️ (83422) 2-38-11
📍 Суроғаи донишгоҳ:
ш. Хуҷанд, маҳаллаи 17
🌐 Сомона: www.tsulbp.tj
Мо интизори Шумо ҳастем — ояндаи дурахшонро бо ҳам месозем!
Марҳамат ба донишгоҳи мо!