Устодони ДДҲБСТ сазовори мукофоти давлатӣ гардиданд

8 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қадршиносии хизматҳои шоистаи намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсолот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон баргузор шуд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда,  зикр карданд, ки дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ ва дастгирии фарзандони фарзонаи Ватан мавқеи муҳим дошта, баргузории маросими тантанавӣ дар арафаи Рӯзи Истиқлол рамзи қадршиносӣ аз хизматҳои он нафарон мебошад, ки дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдату субот ва ободии кишвар саҳми арзанда доранд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки маҳз бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат дар арафаи ҷашни Истиқлол наздик ба 40 нафар бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2025 2 нафар устодони донишгоҳ, мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ , н.и.ф., профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Ҷӯраев Абдураҳим Ҳоҷиевич ва н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Пӯлодова Наима Юсуфовна бо Медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ устодони гиромиқадр Ҷӯраев Абдураҳим Ҳоҷиевич ва  Пӯлодова Наима Юсуфовнаро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба эшон дар идомаи фаъолияти илмиву эҷодӣ барору комёбиҳо таманно менамояд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

You might also like