ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди ҷомеаи муосир”
3 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди ҷомеаи муосир” бо иштироки васеи донишҷӯён, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.
Дар оғоз, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Шаҳноза Норматова суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонон на танҳо сарчашмаи ифтихор, балки заминаи муҳими рушд ва худшиносии миллӣ мебошад. Вай нақши муассир ва пешсафи ҷавононро дар раванди таҳкими арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ ва пешбурди ҷомеаи демократӣ муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов баромад намуда, қайд кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавҳари асосии рушди насли наврас ва созандаи кишварро ташкил медиҳад. Ӯ зикр кард, ки ҷавонон бояд дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар нақши фаъол дошта бошанд.
Дар ҷараёни конференсия ҳамчунин як қатор ҷавонони фаъол – намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯён ва таҳлилгарони ҷавон баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолият ва рушди ҷомеаи муосир баён доштанд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ шароити мусоидро барои таълим, таҳсил, худшиносӣ ва рушду такомули ҷавонон фароҳам овардааст. Онҳо изҳори омодагӣ карданд, ки дар роҳи ҳифз ва тақвияти дастовардҳои истиқлолият, инчунин саҳмгузорӣ дар бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ин ҳамоиш яке аз иқдомҳои муҳими тарбиявию маърифатӣ ба ҳисоб меравад, ки бо ҳадафи боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар роҳандозӣ гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа