Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ
3 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва Ғулом Ҳалимзода бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Меҳмононро муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ, дотсент Дониш Фазлиддинзода истиқболу роҳнамоӣ кард.
Зимни суханронӣ вакилон таъкид доштанд, ки дар шароити имрӯза омӯзиши таърих ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аҳамияти хосса касб менамояд. Онҳо зикр карданд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ, эҳсоси ифтихор аз Ватан, худшиносиву худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, инчунин омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Зеро маҳз сатҳи дониш, маърифат ва малакаи касбии насли наврас омили асосии пешрафти устувори давлату миллат маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ширкат варзида, оид ба сиёсати ҷавонон ва аҳамияти тарбияи ватандӯстона миёни насли наврас ибрози назар намуд.
Мулоқот дар фазои озоду ошкоро сурат гирифта, донишҷӯён имкони баён кардани фикру андешаҳо ва дарёфти посух ба саволҳои худро пайдо намуданд.
Ҳамчунин, меҳмонон аз синфхонаву лаборатория ва марказҳои омӯзишии донишгоҳ дидан карда, бо донишҷӯён суҳбат анҷом доданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа