НОМАИ ТАБРИКОТИИ ректор, н.и.ҳ., дотсент Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор ба муносибати Рўзи дониш ва Дарси сулҳ

Устодони арҷманд ва шогирдони азиз!

Боиси фараҳмандист, ки соли равон  Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар арафаи тантанаи бошукўҳтарин ҷашни миллиамон 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Ҳамасола чун анъана,  бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб ёфта, ин падидаи нек љавонони саодатманди кишварро ба сӯи хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд. Дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат барои дарёфт ва корбурди муносибатҳои сифатан нав дар њамаи зинаҳои таҳсилот гардида, дар ниҳоди ҷавонон – мутахассисони ояндасоз хислатҳоеро тарбия менамоянд, ки онҳо баёнгари арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ маҳсуб меёбанд.

Мусаллам аст, ки рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва дастовардњои пайвастаи сокинони мамлакат, вусъати корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ аз файзи истиқлолу субот буда, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро дар ҷодаи фаъолияти пурсамар руњбаланд менамояд. Ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими пояҳои  моддию техникӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои илмиву таълимӣ самараи  саъю талоши мақсадноки устодону донишҷӯён мебошад.

Мавриди истифода қарор ёфтани синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои забономўзиву лабораторияҳо, бахусус, вусъати тоза ёфтани корҳои созандагию бунёдкорӣ аз музаффариятҳои Донишгоҳ аст, ки натиҷаи меҳнати сидқидилонаи ҷомеаи меҳнатии маъвои маърифатамон арзёбӣ мегардад. Дар кӯтоҳтарин фурсат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти таълимӣ ва таҳқиқотиву инноватсионӣ, ҷалби донишҷўёни болаёқат ба парки технологӣ, марказу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани мутахассисони  баландихтисос, омӯхтани забон ва таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати муҳассилин ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ мусоидат менамояд.

Итминони комил дорам, ки  ҳайати профессорон, омўзгорон, кормандон ва кулли муҳассилини Донишгоҳ бо истифода аз имконоти мусоиди таълиму тарбия минбаъд низ ба хотири  боз ҳам баланд бардоштани нуфузи маъвои саодати маънавиамон саъю талош хоҳанд намуд.

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот ва фурсати муносиб кулли  кормандон ва омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати оғози соли нави таҳсил –  Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақияту бурдбориҳо таманно менамоям. Умеди онро дорам, ки соли нави таҳсил барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ соли муваффақиятњои тоза ва дастовардҳои наҷиб гардад.

 Соли нави таҳсил муборак!

You might also like