Таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ДДҲБСТ
1 сентябри соли 2025 саҳни бинои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идгоҳеро мемонд, зеро донишҷӯён барои оғози соли нави таҳсили 2025-2026 ва истиқбол аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сарҷамъ гардида буданд. Дар чорабинӣ кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Ҷамъомадро ректори донишгоҳ дотсент Муминзода Ш.А. ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба меҳмонон вогузор намуд. Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ номаҳои табрикотии раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Хуҷандро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба самъи иштирокчиён расониданд.
Меҳмонон дар суханронии худ аз мақоми дониш ҳамчун рукни асосии рушди инсон ва ҷомеа, инчунин нақши муҳим ва таърихии сулҳу субот дар пешрафти давлат ёдовар шуданд. Онҳо зикр намуданд, ки ҷавонон бояд бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида масъулиятшинос бошанд ва бо илмомӯзӣ ва тарбия худ саҳми арзандаи худро дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.
Ректори донишгоҳ, дотсент Муминзода Ш.А. иштирокчиён, кормандону устодон ва донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил шодбош намуда, иброз кард, басо рамзист, ки дар остонаи таҷлили солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз меёбад. Аз ин рў, ин ҷашни нишотбахш – Рӯзи донишро на танҳо аҳли маорифи кишвар, ҳамзамон кулли сокинони мамлакат чун воқеаи гуворову фараҳбахш пазируфтаанд. Маҳз аз ин рўзи сурурбахш идомаи навбатии айёми донишандўзӣ, фатҳи қуллаҳои навини илму дониш оғоз меёбад. Аз ин ҷост, ки нахустрўзи соли нави хониш чун иди Рўзи дониш тантана гардида, машғулиятҳои аввалини таълимӣ бо баргузории дарси Сулҳ ҷараён мегиранд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Дарси сулҳ рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб ёфта, ин падидаи нек ва дастуру ҳидоятҳои созанда ба сӯи омилҳои тақдирсози давлату миллат – хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон илҳоми тоза бахшид, илова намуд Муминзода Ш.А.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор устодон ва кормандони донишгоҳ, ки дар самти таълим ва тарбия дастовардҳои назаррас доштаанд, бо нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд. Ин қадршиносӣ гувоҳи он аст, ки меҳнати омӯзгорон пайваста мавриди таваҷҷуҳи давлат қарор дорад.
Таҷлили Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ дар донишгоҳ бори дигар собит сохт, ки донишҷӯён ва устодони ДДҲБСТ ба арзишҳои сулҳу ваҳдат, маърифат ва худшиносии миллӣ арҷ мегузоранд ва бо ҳисси баланди масъулият ба пешвози соли нави таҳсил мераванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа