Баргузории ҷаласаи васеи Шурои олимони ДДҲБСТ
30 августи соли 2025, пас аз тамошои дастаҷамъонаи баромади телевизионии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, муовинони ректор, деканон ва ҳайати омӯзгорон иштирок намуданд.
Ҷаласа дар фазои идона ва дар доираи муҳтавои пурмазмуни суханронии Пешвои миллат доир гардида, масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таъмини амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки роҳбарияти донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо ҳайати омӯзгорон тамоми саъю кӯшишро баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим равона хоҳад кард.
Дар идома, ҳамзамон, муовинони ректор баромад намуда, ҷиҳати таъмини муҳити созгори таълимӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Ҷаласаи Шурои олимон бо қабули қарорҳои мушаххас дар самти беҳтарсозии раванди таълиму тарбия ҷамъбаст гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа