Мукофоти давлатӣ муборак!

25 августи соли 2025, дар арафаи ҷашни муқаддаси 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор шахсиятҳои намоён ва хизматнишондодаи соҳаҳои гуногуни кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бо камоли ифтихор ва сарфарозӣ иттилоъ медиҳем, ки дар миёни онҳо доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Муҳаммадиев Изатулло Сайфуллоевич, устоди варзидаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бо мукофоти баланди давлатӣ қадршиносӣ шуд. Мукофотро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантана тақдим намуданд.
Ин қадршиносӣ далели хизматҳои шоёни профессор Муҳаммадиев Изатулло Сайфуллоевич дар самти таҳқиқи масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва саҳми арзандаи ӯ дар рушди соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва маорифи кишвар мебошад.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон устод Муҳаммадиевро бо ин дастоварди бузург сидқан табрик гуфта, ба эшон тансиҳатӣ, рӯҳияи баланд ва комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.
Мукофоти давлатӣ на танҳо нишони арҷгузорӣ ба заҳматҳои ӯст, балки ин рӯҳбаландии бузурге барои ҳамаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар роҳи хизмат ба миллат ва давлат мебошад.

              Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like