Ҳимояи захираҳои обӣ – вазифаи муҳимми ҷомеа
Дар давлати Фаронса бо ташаббуси СММ 10 июни соли ҷорӣ конфронси байналхалқӣ оид ба ҳифзи уқёнусҳо баргузор гардид.
Дар конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда кайд карданд, ки ҳимояи захираҳои обӣ аз он ҷумла уқёнусҳои яке аз вазифаҳои муҳимтарин барои тамоми давлатҳои сайёра ба ҳисоб меравад.
Имрӯз ба уқёнусҳо хатари ҷиддӣ таҳдид менамояд ва он аз ҳамаи давлатҳои ҷаҳон амали дастаҷамъонаро талаб менамояд, қайд намуданд. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ягон уқёнус баромад надорад, аммо он ба масъалаи об вобастагӣ дорад ва бинобар ин дар ҳалли он бетараф буда наметавонад.
Оид ба масъалаи об Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду даҳсола бо ташаббусҳо баромад карда диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба он ҷалаб намуда истодааст.
Охирин ташаббуси Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки онро СММ дастгирӣ намуда, соли 2025 – ро соли ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, инчунин ҳар сол 21 март ҳамчун рузи ҳифзи пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз ба пиряхҳо низ чун захираҳои оби уқёнусҳо хатар таҳдид менамояд. Чунин хатар дар оянда ба камшавии оби ошомиданӣ, хушкшавии дарёҳо, афзоиши бемориҳои гуногуни сироятӣ, ки ҳам ба инсоният ва ҳам ба боғу киштзор таъсири ҷиддӣ дорад оварда мерасонад. Зеро пиряхҳо захираи оби ошомидани ба шумор меравад.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки дар Тоҷикистон 14 ҳазор пиряхҳо вуҷуд дорад, ки он 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмиллалӣ, ки дар Душанбе баргузор гардид бо пешниҳоди ташкил намудани маркази яхшиносӣ дар Тоҷикистон баромад намуданд, ки он дар кори ҳифзи пиряхҳо аҳамияти муҳим дорад.
Ин пешниҳод дар ҳамоиши байналмиллалӣ, ки дар Фаронса баргузор гардид аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд.
Воқеан, ташкили маркази яхшиносӣ дар кори ҳимояи пиряхҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшад. Зеро ҳифзи пиряхҳо барои инсоният дар солҳои минбаъда дар кори таъмин кардана бо оби ошомидани нақши муҳим хоҳад бозид.
Одинаев Алиҷон,
дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ