Пешниҳоди олиҷаноб!
Ба наздикӣ маорифчиёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пешниҳод намуданд, ки машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хондани Суруди миллӣ оғоз гарданд. Албатта, ин иқдоми хуби маорифчиёни Бадахшон аз ҷониби аҳли маорифи кишвар, махсусан маорифчиёни Суғд пазируфта шуд. Итминон дорем, ки иқдоми маорифчиёни ВМКБ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллии наврасону ҷавонони кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Албатта, ҳар як фарди бонангу номуси кишварро мебояд, ки муқаддасоти онро эҳтиром кунад, дар пешрафту ободонии давлати азизамон саҳми худро гузорад. Оғоз гардидани раванди таълим дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хондани Суруди миллӣ пешниҳоди саривақтӣ ва зарурӣ аст.
Воқеан насли наврас ва ҷавонони мо нерӯи созанда ва ояндасози кишвар маҳсуб меёбанд. Аз ин лиҳоз, тарбияи онҳо дар руҳияи ватанпарстиву ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи мо арзёбӣ мегардад. Ҳамаи моро мебояд, ки нисбати наврасону ҷавонони кишвар беэътиноӣ зоҳир накунем, нисбати ояндаи онҳо бефарқ набошем.
Изҳороти аҳли устодони
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ