ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛӢ ДАР БАРҚАРОРШАВИИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

Гузаштаи ҳар рӯз моро ба санаи таърихӣ 32 – солагии Иҷлосияи тақдирсози мамлакат наздиктар мегардонад. Имрўз бо гузашти бисту ҳашт сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дўши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсўз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд.
Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда буд, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт инсони боақлу заковате пайдо хоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва маҳви миллат наҷот диҳад ва ватанашро аз вартаи нестшавӣ раҳо намояд. Дар ҳамон лаҳзаҳои басо душвор ва вазъи бисёр муташанниҷу печида Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амният ва осоиши мардум, шукуфоии кишвар, эҳёи тамаддуни гузашта, ба хотири эҳтиром, тамоми арзишҳо ва муқаддасоти миллии Тоҷикистонро хонаи умеди ҳамаи тоҷикони дунё эълон намуда, сулҳи бозгаштро ба мардуми шарифи кишвар кафолат дода буданд.
Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта, сафедии шабро интизор шуда ва билохир бо афкори озод дари саодатро бикушод:
Аз но умедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Бешубҳа, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гардонидани ин ормонҳо ва нияти некашон шабу рӯз, бе эҳсоси хастагӣ талош варзиданд ва дар чунин марҳилаи барои миллати ҷафокашида ҳалкунанда ба баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба ватан оғоз карданд.
Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он Иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро, ҳанўз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд.
Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик дар ҳақиқат ҳам барои халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ-умумҷаҳонӣ дорад, чунки дар ин Иҷлосияи таърихӣ ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонунӣ барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузошта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ оғоз гардид.
Истиқлолияти сиёсии давлати тоҷик 9 сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз иҷлосияи тақдирсози миллат – иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Дар иҷлосия интихоби роҳбари давлат, баъд аз тасдиқ гардидани рўзномаи он, яке аз масъалаҳои муҳим ҳисобида мешуд. Чунки рафти кори иҷлосия, муҳокима, қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба сарвари нави давлат вобастагии калон дошт.
Шароите, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Ватани нав ба истиқлол расидаи Тоҷикистон рўзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд.
Бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонат, халқи тоҷикро аз сарсониву парешонҳолӣ сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватан баргардонд. Бале, ба майдони сиёсат ворид гашт он фарзанди фарзонаи миллат, он марди майдон, ин шахси бузург Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Аввалин сухани он кас: “Ман ба халқам сулҳ меоварам, ҳамаро сарҷамъ месозам” буд. Коре карданд, ки ҷанги бародаркуш хотима ёфт, гурезаҳо ба ватан баргаштанд, сулҳ пойдор шуд. Ҳаёти осоишта ҳукмрон шуд, барои тамоми сокинони мамлакат, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ Ваҳдати миллӣ амалӣ гашт. Ҳангоми қасамёдкунӣ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони мардумӣ, аъзои парлумон, намояндагони халқ ба мардум ваъда доданд, ки “Ман корро аз барқарории сулҳу осоиштӣ ва оромии кишвар оғоз мекунам” ва дар ҳақиқат ба ваъдаи худ вафо намуданд. Дар ҳақиқат Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо барқарории сулҳ дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз карданд. Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.
Мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони мо буд.
Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар заминаи талошҳои воқеан ватандӯстонаи вакилони мардумӣ ягона минтақаи ороми кишвар – шаҳри бостонии Хуҷанд макони баргузории иҷлосияи шонздаҳум интихоб гардид.
Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст. Ба ҳамин хотир Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсоз буд. Ва тӯли чанд сол пас аз баргузории он исбот намуд, ки Иҷлосия тақдири миллат ва давлати тоҷиконро ба дурустӣ ҳал карда буд. Ба шарофати Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аввалин бор таҳкурсии сиёсати байналхалқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро гузошт. Ва имрӯз мо бо фахр гуфта метавонем, ки мо ворисони Сомониёнем.
Ба ҷасорат ва диди фарохи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳаққонӣ надодан камоли инсонӣ нест. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хело гарон буд. Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинашон барои устувор намудани пояҳои давлат ва таъмини сулҳ ҷоннисорӣ кардаанд.
Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани иқдому пайомадҳои таърихии иҷлосияи шонздаҳум барои ҷомеаи имрӯзу ояндаи кишвари соҳибистиқлоли мо бисёр муҳимму ибратомӯз ва дар маҷмӯъ қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандӣ маҳсуб мебошад.

Маъруфӣ Фирдавс Каримзода н.и.и., муаллими калон.

Муовини декани факултети бизнес ва

иқтисодиёти байналмилалӣ оид ба тарбия. ДДҲБСТ.

You might also like