Сулҳ ҳамчун арзиши миллӣ: нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа
«Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои ватан хеле душвор муроҷиат карда ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони бароманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ба ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда барои гул-гул шукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷон нисор мекунам чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН.
Дар таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон арҷгузорӣ ба рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ ва қадршиносии саҳми шахсиятҳои сиёсиву давлатӣ дар марҳилаҳои сарнавиштсози рушди ҷомеа ҳамчун яке аз шаклҳои ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ эътироф шудааст.
Аз ин нуқтаи назар, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андешаи мо ҳамчун рӯйдоди муҳимми тақвими идонаи кишвар дорои аҳаммияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ буда, барои бознигарии марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ замина фароҳам меорад. Санаи мазкур пеш аз ҳама, ба гиромидошти ниҳоди президентӣ, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, арҷгузорӣ ба таърихи истиқлолияти давлатӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар назди ояндаи кишвар алоқаманд мебошад.
Маълум аст, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар ва дар марҳилаи ҳассоси ташаккули муносибатҳои нави байналмилалӣ аҳаммияти сарнавиштсоз идома меёфт. Иҷлосияи таърихӣ на танҳо дар муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди сиёсиву ҳуқуқии Тоҷикистон, балки дар фароҳам овардани заминаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва оғози раванди тадриҷии барқарорсозии суботи ҷомеа нақши муҳим бозид.
Аҳамияти таърихии рӯйдоди мазкур, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки маҳз дар ҷараёни баргузории он заминаҳои сиёсӣ ва ташкилии марҳилаи нави давлатдории Тоҷикистон гузошта шуда, шахсияти нави сиёсӣ ба арсаи роҳбарии давлат ворид гардид.
19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи мазкур ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оғози марҳилаи нави фаъолияти сиёсӣ ва давлатсозӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Таърих ҳеҷ гоҳ фаромўш намесозад, зеро ҳанўз дар давраҳои аввали оғози фаъолияти худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олӣ бо ҳисси ватандорӣ ва ҳуввияти баланди миллӣ оид ба ояндаи давлатдории Тоҷикистони азизамон чунин таъкид карда буданд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои ватан хеле душвор муроҷиат карда ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони бароманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ба ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда барои гул-гул шукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.
Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷон нисор мекунам чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Воқеан, мазмун ва муҳтавои ин гуфтаҳоро пеш аз ҳама ҳамчун ифодаи олии ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиву сиёсии шахсияти барўманди халқи тоҷик дар назди сарнавишти миллат ва давлат маънидод мегардад ва ибораи «агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам» на танҳо омодагии Сарвари давлатро ба фидокорӣ, балки мавҷудияти дараҷаи баланди садоқат ба арзишҳои миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, озодиву осоиштагии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллиро дар Пешвои муаззами миллат ифода менамояд. Дар ҳамин асос, гуфтаҳои мазкур, таҷассумгари иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба қабули қарорҳои тақдирсоз аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар шароити мураккаби таърихӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ин самт яке аз муваффақиятҳои таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба шумор меравад, ки санади мазкур барои қатъи муқовимати мусаллаҳона, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва гузариш ба марҳилаи нави рушди сиёсиву иҷтимоии мамлакат заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мусоидат намуд.
Бояд таъкид намуд, ки расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ натиҷаи як амали якдафъаина набуда, балки маҳсули раванди мураккаб, тӯлонӣ ва бисёрҷанбаи музокиротӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои мусолиҳа, гузаштҳои мутақобила ва ташаккули эътимоди байни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун роҳбари давлат ва иштирокчии асосии раванди музокироти сулҳ, дар таъмини заминаҳои сиёсӣ ва ташкилии расидан ба ризоияти миллӣ нақши калидӣ дорад.
Ба андешаи мо, ҳамаи ин муваффақиятҳои беназири миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомада, онҳо маҳсули заҳматҳои чандинсолаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Ҷонибдори он андешаем, ки ин муваффақиятҳо маҳсули таҳлилу натиҷагириҳо аз сабақҳои таърихӣ ва таҷрибаи ѓании ҷаҳонӣ буда, бо дарназардошти амалӣ шудани онҳо Тоҷикистон тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ маълуму машҳур гардад.
Таъкид менамоем, ки дар шароити муосири таҳаввулоти босуръати илму техника, густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ворид гардидани ҷомеаи муосир ба фазои ягонаи иттилоотӣ, тезу тунд гардидани муносибатҳои байналмилалӣ, мушкилоту таҳдидҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, бархурди тамаддунҳо ва арзишҳои фарҳангӣ, ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодию экологӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ва талош барои ҳифзу густариши манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ таҷрибаи сулҳу оромии Тоҷикистон аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки дар шароити мухолифатҳои шадиди сиёсӣ, нобоварии тарафайн ва буҳрони амиқи иҷтимоӣ низ тавассути муколама, музокирот, созиш ва дарки масъулияти муштаракро тақозо менамояд.
Ниҳоят, дар замони муосир таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ як андешаи муҳимро ба миён мегузорад – яъне ҳеҷ гуна ихтилофи сиёсӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ набояд аз арзиши сулҳ, ҳаёти инсон ва ояндаи давлат болотар гузошта шаванд.
Барои ҳамин, сулҳи Тоҷикистон натиҷаи иродаи сиёсӣ, хиради созанда, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти бемислу монанди таърихии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомал Раҳмон арзёбӣ мегардад, ки омӯзиш ва истифодаи сабақҳои сулҳофаринии Тоҷикистон дар шароити муосири афзоиши низоъҳои минтақавию байналмилалӣ аҳаммияти хосса касб менамояд.
Рўзи Президент ба ҳамаи мову Шумо муборак бошад ҳамватанони азиз!!!
Санавварзода Ғолибҷон Бақо,
д.и.ҳ, дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионӣ. ДДҲБСТ.