Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллӣ

Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ масоили самтҳои асосӣ оид ба мустаҳкамкунии истиқлолияти миллӣ ва гузоштани қадамҳои асоси оид ба таъсиси давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, ягона ва дунявӣ замина гузошта шуд, ки мустаҳкамкунии бунёди ин асосҳои сохтори конститутсионӣ ва давлати миллӣ бо шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, зеро ки ў тавонист дар муддати кўтоҳ ба боварии халқ сазовор гардида оиди таҳкими сулҳ, осоиштагии кишвар, ҳаллу фасли масоилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаъолияти худро равона намуда бо терроризм ва эктрамизм баҳри якпорчагии кишвари маҳбубамон муборизаи беамон бурда исдодааст.
Дар ин иҷлосияи таърихӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон сарвари нав ба ҳайси раиси Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда вай чунин суханҳои аввалинро иброз дошт «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…» оғози корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои сарвари давлатамон дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу ваҳдат ва берун овардани Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат буд. Пас аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон дар таърихи навини кишварамон марҳилаи нав – давраи таърихию тақдирсози таҳкими истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлату давлатдории миллии тоҷикон оғоз ёфт, ки маҳсули сарнавиштсози он ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳар як саҳифаи таърихи ватанамон пас аз Иҷлосияи такдирсоз ба номи меъмори сулҳу ваҳдат, кафили рушду нумўи Тоҷикистон бо шахсияти Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст, зеро ки сархати сиёсати хирадмандона ва адолатонаи сарвари давлатамон аз Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шўрои Олии Тоҷикистон то имрўз баҳри ягонагии Тоҷикистон, ваҳдати халқҳои он, таҳкими сулҳу бародарӣ, мустаҳкамкунии давлати соҳибихтиёри миллӣ, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявию ягона равнона гардидааст Дар бунёди давлати миллӣ қабулшавии Конститутсия соли 1994 мақеъи муҳимеро дорад, ки қабулшавии Конститутсияи давлати соҳибихтиёр ва давраҳои инкишофёбии конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон вобастаги дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои пешрафти халқи Тоҷикистон буда, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон ва бунёди чомеаи адолатпарварро дар дебоча мустаҳкам намудааст.
Маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамоянд, ки Конститутсияи нави Тоҷикистони сохибихтиёр ин санади ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва таърихие, ки он қувваи олии ҳуқуқиро доро буда, дар он манфиату иродаи халқу давлат таҷассум ёфта, таҳкурсии ҳуқуқии ҷамъият эътироф карда шуда, он дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифода ва татбиқи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллӣ ва волоияти қонунро таъмин менамояд. Конститутсия ғояҳоеро мустаҳкам менамояд, ки онҳо таҷассумкунандаи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва татбиқкунандаи мақсад, вазифа ва сиёсати давлат аст. Қабули саривақтии Конститутсияи кишвар ва мутобиқ сохтани он ба талаботи замон кафолати зарурии инкишофи таърихӣ, нишонаи рушди ҳуқуқ аст.
Баҳри ифодаи орзуву ормонҳои халқи Тоҷикистон имрўз дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории миллии тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди устувори ҷомеа, ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтарин арзише, ки аз хоҳиш ва иродаи мардуми шарафманди кишварамон вобаста буд.
Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди давлати миллӣ дар даврони соҳибихтиёрӣ як зумра корҳои намоёнеро қайд кардан зарур аст:
-бунёди давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона
-ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти мўътадили ҳокимияти
конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисион
-қабул ва ташаккули Конститутсияи давлати соҳибихтиёр ва инкишофи рукнҳои давлатдории миллӣ тибқи он
-ҷаҳонишавии падидаҳои муҳими миллӣ, хуқуқӣ ва давлатӣ, азҷумла ислоҳоти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он мустаҳкам кардани манфиати миллӣ
-ҷавобгў кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба таллаботҳои байналмиллалӣ ва эътирофи арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд
-таъсиси парлумони касбии доимоамалкунада ва инкишофи институти парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
-таъсиси ниҳодҳои нави давлатӣ оид ба саривақтии иҷроишти мақсад ва вазифаҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон
-ба роҳ мондани ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии байналмиллалӣ ба давлатҳои ИДМ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ
-мубориза бо терроризм ва экстремизм баҳри таъмини сулҳ, оромии ҷамъият, якпорчагӣ, дахлнопазирӣ ва ҳимояи соҳибихтиёрии давлатӣ
-дар раванди амали намудани идоракунии давлати ба мансабҳои давлати таъин намудани ҷавонони лаёқаманд
-эҳё гардонидани мероси илмию адабии мутаффакирони тоҷик ба мисли Абўҳанифа,Ҷомӣ, Ҳамадонӣ, Синову Фирдавсӣ, Айнӣ, Бобоҷон Гафуров ва дар раванди бунёди давлати милли истифода бурдани мероси гарбонбаҳои адабии мутафаккирони форсу тоҷик
Имрўз ҷавонони Тоҷикистон мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки нисбат ба имрўзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда дар радифи бузургтарин арзишҳои башашрӣсулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон заҳмат кашида бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии хеш қарор диҳем.

Кенҷазода Шӯҳрат Юсуф, н.и.ҳ., дотсент

декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

You might also like