Воситаҳои нашъадор ва хатари он ба ҷомеа
Боиси қайд аст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бо як падидаи номатлуб мубориза ба роҳ мондааст, ин ҳам бошад муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ватанӣ тамоми саъю кӯшиши худро барои пешгирӣ, ошкор ва фош намудани шахсоне, ки бо ин кор машғуланд муайян намуда барои ба ҷавобгарӣ кашидан мекӯшанд, лекин теъдоди он паст гардад ҳам, аммо тамом нашуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 иброз намуданд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд.
Барои иҷро шудани талаботи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва саривақт ба ҷавобгарӣ кашидани шахси ҳуқуқвайронкунанда чораҳои дахлдори дар қонун пешбинишударо андешанд.
Аз ин лиҳоз, баҳри мубориза бар зидди чунин зуҳуроти нангин бояд дониши назариявӣ ва амалии худро рўз аз рўз пурзўр намоем.Тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, агентиии назорати маводи нашъовар, агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ меандешанд.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд.
Дар ҷомеаи ҳозира бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки барои ҳалли онҳо одамон мекўшанд, вале ҳамоно муаммоҳои сарфиназаршуда зиёданд ва яке аз онҳо масъалаи нашъамандӣ мебошад. Инсоният аз давраҳои пеш роҳу усул ва воситаҳои дилхуширо меҷўяд ва бо ин васила ғаму ғуса ва нороҳатиҳои рўзгорро аз худ дур мекунад ва ё аз сахтиҳои зиндагӣ бо ин омил мехоҳад гурезад.
Дар асрҳои Х1Х-ХХ истеъмоли маводи нашъаовар хеле зиёд гардида, ба масъалаи иҷтимоии доғи мамолики дунё мубаддал гашт. Тез боло рафтани сатҳи истеъмоли маводи мухаддир дар ин давра, ки ҳамчун садаи илму техника ва технология маҳсуб меёбад ба навгониҳои зиёди рўзгор ва дунё, пешравии босуръати ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ сахт марбут мебошад. Зеро одамон аз фишори бо суръат ва пайдоиши ташвишҳои нав ба нави зиндагӣ худро ба истеъмоли маводи мухаддир мезананд.
Муҳимтарин ҳолати воқеӣ, ки ҷомеаи тоҷикро бояд ба ташвиш орад ин дар тўлӣ 10 соли гузашта зиёд шудани шумораи ҷавононе мебошанд, ки маводи мухаддирро истеъмол мекунанд.
Дар Тоҷикистон намуди гуногуни маводи мухаддир, аз ҷумла баргу пояи кўкнор, афюн ва маводи аз ў тайёршаванда, бангдонаи хушк-кардашуда, нашъа, героин, инчунин медафетамин, амфетамин, медакс, лирика ва ғайра бисёр паҳн гардидааст.
Барои пешгирӣ, ошкор ва роҳ надодан ба ин ҳолатҳои дар болозикршуда тамоми қишри ҷомеа сарҷаъмона, бояд бо ин падидаи номатлуб мубориза барад ва сатҳи ҷинояткориро дар ин самт паст кард.
Муллобоев Мамадҷон Рауфович,
муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва муқовимат ба коррупсия. ДДҲБСТ