РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ.

Дар таърихи ҳар як миллат давраҳое фаро мерасанд, ки тақдири минбаъдаи давлату ҷомеа ба интихоби роҳи дуруст, хирадмандӣ ва масъулияти роҳбарӣ вобастагии зиёд пайдо мекунад. Барои миллати тоҷик чунин марҳилаи сарнавиштсоз ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рост омад, ки кишвар бо мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Дар чунин шароит масъалаи таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи сохти давлатдорӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб намуд.
Дар ин раванд нақши роҳбарияти сиёсӣ ва шахсиятҳои таърихӣ дар муайян намудани самти рушди минбаъдаи кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз дар ҳамин замина масъалаи шахсият, фаъолияти сиёсӣ, ҷаҳонбинӣ ва саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.
Беҳуда ҳалқ он шахсро Пешвои миллат ном набурдааст. Нахуст бояд гуфт, ки пешво унвон, вазифа ва мансаб нест. Балки рисолат аст. Рисолатест, ки халқ бо таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои фаровонаш дар ҷанбаҳои гуногун ба ӯ вогузоштааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон инсони хастанопазир, сабур, таҷаллии андешаҳои амиқи инсонӣ, таблиғгари ахлоқи волои миллӣ, нидодиҳандаи ваҳдату ҳамбастагӣ, пайвандгари собитқадами сиёсат ва маънавиёт аст. Хислатҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки манфиати давлату миллатро аз ҳама чиз боло мегузоранд ва дар қавлу амали худ устуворанд. Сабру таҳаммулро меписанданд, шукргузор, қаноатпеша буда, дар ҳама ҷой ва дар ҳама кор низому тартиботро дӯст медоранд. Мардест, ки бо хоксорию фурӯтанӣ ба дили хурду бузург ҷой гирифтаанд. Он кас такя ба мардум карданд ва ба худ боварӣ доштанд. Ҳамин боварӣ ва эътиқоди устувор ба тавоноии шахсияти хеш буд, ки дар пеши мардуми кишвар савганди фарзандӣ ёд карданд ва изҳор намуданд, ки дар кишвар сулҳу оромиро ҳатман барқарор хоҳанд кард. Ин суханҳоро дар шароите ба забон оварда буданд, ки Тоҷикистон на сохторҳои нерӯманди қудратӣ дошту на артиш ва на мақомоти роҳбарии коромад.
Дилбастагию муҳаббати ҳақиқӣ ба аслу решаи миллати хеш ва садоқат ба Модар – Ватан, хидмати холисона ба халқ, дӯст доштану меҳрубон будан ба дигарон, шитофтан ба ёрии кӯдакони ятиму бепарастор, ғамхории пайваста ба пиронсолону камбизоатон на танҳо баёнгари рӯҳи меҳрубонии падарона, дилсӯзӣ ва омодагии ҳамешагии Пешвои миллат дар осон кардани мусибату мушкилот дар ҷомеа ҳастанд, балки барои такомули маънавии афроди миллат намунаи ибратанд. Аз ин сабаб, мардуми кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии худ, роҳбари фарёдрасу ҳақбин, додгустару адолатпеша ва наҷотдиҳандаи давлату мамлакат меноманд ва ҳақшиносона ба ӯ меҳр меварзанд, дар ҳар маврид Пешвояш мехонанд.
Дар сиёсати имрӯзаи давлатдории Пешвои миллат суннати хирадгароии миллӣ, пайванди деринаи миллати тоҷик бо китобу қалам, ки дар тӯли таърихи пурҳаводис миллати моро ҷавшан будааст, нақши асосӣ доранд. Сарвари давлат сиёсати давлатдориро аз аркони маънавиёт ҳисобида, дар раванди давлатдории худ сабақҳои таърихро аз сарнавишти пуршебу фарози миллат, фаъолияти сиёсию адабӣ ва илмии ашхоси бузурги таърихӣ, амсоли Куруши Кабир, Зардушт, Исмоили Сомонӣ, устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мирзо Абдулқодири Бедил, Носири Хусрав, Мавлавии Балхӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигаронро сармашқи кори худ қарор додаанд. Омӯзиши таърихи миллат, зиндагиномаи фарзандони фарзона ва кору фаъолияти адабию илмӣ ва сиёсии онҳо дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, осори илмию адабии олимону адибон, андешаҳои хирадгароӣ ва созандагии онҳо барои Пешвои миллат чун чароғи раҳнамо ва ба ҳайси дастурамали сиёсию ахлоқӣ хидмат намудаанд.
Сармояе, ки Пешвои миллат дар шакли мактаби сиёсии худ барои кишвар ва миллати мо захира кардаанд, як сармояи таърихию ҳаётӣ аст, зеро раҳнамудҳои ин мактаб барои як замон нестанд ва дар ҳамаи давронҳо метавонанд роҳкушо бошанд.
Аз он чӣ дар боло гуфта шуд, метавон хулосабарорӣ намуд, ки “Рӯзи Президент – 16 ноябр” рӯзи одӣ нест, рӯзест, ки Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои бузурги таърихи муосири миллати тоҷик ва поягузори давлатдории навини Тоҷикистон, абармарде, ки аз миёни мардум дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олӣ бархостаанд – андешаи ба ҷуз Тоҷикистон, ҳадафе ҷуз сарфарозии тоҷикон, вазифае ҷуз хидмат ба кишвару миллати хеш надоранд.
Инак, солҳои зиёд мешавад, ки миллати тоҷик бо бархурдорӣ аз пайванди ногусастании худ бо Пешвои миллати хеш дар роҳи шукӯҳмандӣ, созандагию офарандагӣ қадам мезанад. Ва яқин аст, ки ҳаракати ӯ дар ин роҳ ба таври пирӯзмандона идома хоҳад ёфт ва дар муддати кӯтоҳе ҷойгаҳи Тоҷикистон дар сафи миллатҳои сарфарози ҷаҳон муайяну мустақар хоҳад шуд. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона барҳақ гуфта:

Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ.

 

Диловар ҶАЪФАРОВ,
мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like