НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар таърихи ҳар як давлату миллат санаҳое мавҷуданд, ки бо рӯйдодҳои сарнавиштсоз ва шахсиятҳои таърихӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Ин рӯйдодҳо на танҳо роҳи тайкардаи миллатро инъикос мекунанд, балки барои наслҳои оянда сабақи таърихӣ ва роҳнамои зиндагӣ мегарданд. Таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол низ бо марҳилаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, талошҳои сулҳофарӣ, таҳкими давлатдорӣ ва иқдомҳои созанда алоқаманд мебошад. Дар ин раванд нақши ниҳоди президентӣ ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ мавқеи муҳим дорад.
Ҳамасола 16-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана фурсати муносиб барои бознигарии таърихи соҳибистиқлолӣ, омӯзиши раванди давлатсозӣ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва дарки масъулияти шаҳрвандон дар назди Ватан мебошад. Зеро таърихи давлатдории навини мо собит месозад, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ арзишҳое мебошанд, ки ҳифзу таҳкими онҳо талоши пайваста ва масъулияти умумимиллиро тақозо менамоянд.
Оғози солҳои навадуми асри гузашта барои мардуми Тоҷикистон яке аз давраҳои мураккаб ва тақдирсози таърихӣ ба ҳисоб мерафт. Давлати ҷавони соҳибистиқлол дар шароити буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ, муҳоҷирати иҷбории аҳолӣ, хароб гардидани инфрасохтори иқтисодӣ ва парокандагии ҷомеа ба ҳастии давлат ва ояндаи миллат хатари ҷиддӣ эҷод карда буданд. Дар чунин шароит масъалаи асосӣ ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзии кишвар, таъмини амнияти мардум ва фароҳам овардани замина барои зиндагии осоишта буд.
Маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳассоси таърихӣ, моҳи ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Ин рӯйдод дар ташаккули сохтори сиёсии кишвар ва муайян намудани самтҳои асосии давлатсозӣ аҳаммияти муҳим дошт. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти роҳбарӣ масъалаи барқарор намудани сулҳу субот, муттаҳид сохтани ҷомеа ва ҳифзи давлати соҳибистиқлол дар меҳвари фаъолияти сиёсӣ қарор гирифт.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини даврони аввали истиқлолият расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ ва қатъ намудани хунрезӣ буд. Суханони машҳури Эмомалӣ Раҳмон — «Ман ба шумо сулҳ меорам» ҳамчун ифодаи умед ба ояндаи осоишта дар ҷомеа садо медоданд. Роҳи расидан ба сулҳ осон набуд. Он музокироти тӯлонӣ, талошҳои сиёсӣ, гузаштҳои тарафайн ва ҷустуҷӯи роҳҳои мувофиқаи манфиатҳои гуногунро талаб мекард. Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик, Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафил иштирок намуданд.
Ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои бозгашти гурезаҳо, барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, эҳёи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва оғози марҳилаи нави ҳаёти кишвар замина фароҳам овард. Аҳаммияти Созишномаи сулҳ танҳо бо қатъи амалиёти ҷангӣ маҳдуд намешавад, балки он таҷрибаи муҳими ҳалли низоъҳои дохилиро тавассути муколама, гуфтушунид, эътимодсозӣ ва созиш ба вуҷуд овард. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз низ ҳамчун намунаи муҳими оштии миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Сулҳ неъмати бебаҳоест, ки арзиши онро ҷомеае бештар дарк мекунад, ки рӯзҳои талхи ҷангу нооромиро аз сар гузаронидааст. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот танҳо вазифаи давлату сохторҳои давлатӣ набуда, масъулияти ҳар як шаҳрванд, оила ва тамоми ҷомеа мебошад.
Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ дар назди давлат вазифаи азими барқарорсозии сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ меистод. Дар ин марҳила барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ташаккули низоми муосири идоракунӣ ва таъмини амният тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 барои муайян намудани асосҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ замина гузошт.
Ташаккули сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъсиси Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, таҳкими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба муомилот баровардани пули миллӣ ва барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҷаҳон аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.
Дар баробари ин, рушди иқтисоди миллӣ, рафъи мушкилоти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Сохтмони нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Хатлон», таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ барои пайвастани минтақаҳои кишвар, беҳтар гардидани робитаҳои нақлиётӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидат намуданд.
Дар соҳаи энергетика татбиқи лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», аҳаммияти стратегӣ дорад. Иншооти мазкур бо масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ, рушди саноат ва истифодаи самараноки захираҳои табиии мамлакат алоқаманд мебошад. Ҳамзамон, рушди устувори иқтисодӣ тақозо менамояд, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шавад.
Дар раванди давлатсозӣ рушди илму маориф, тарбияи насли наврасу ҷавон, ҳифзи забони давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд. Зеро ояндаи ҳар як давлат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маърифат ва масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон вобаста аст. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, рушди муассисаҳои илмӣ ва таҳкими соҳаи тандурустӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Забони давлатӣ ҳамчун рукни асосии ҳувияти миллӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ нақши муҳим дорад. Эҳтиром ба забон, таърих, адабиёт, фарҳанг ва анъанаҳои неки ниёгон бояд дар замири ҳар як шаҳрванди кишвар ҷойгоҳи устувор дошта бошад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ на танҳо мероси гузаштагон, балки масъулияти имрӯзаи онҳо дар назди наслҳои оянда низ мебошад.
Дар баробари рушди дохилӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ низ саҳми назаррас мегузорад. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт ба қабули як қатор қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд. Аз ҷумла, эълон гардидани солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2018–2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз иқдомҳои муҳими байналмилалии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамзамон, масъалаи сулҳу амният дар рӯзномаи байналмилалии кишвар мавқеи хос дорад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардид. 25-уми июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи марбут ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро қабул намуд. Ин ташаббус ба тарғиби фарҳанги сулҳ, густариши муколама, таҳкими эътимод, оштӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷомеаҳо ва наслҳо равона гардидааст.
Аҳаммияти ин иқдом дар он ифода меёбад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳи пойдор эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолат, таҳаммулпазирӣ, ҳамкории созанда ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии наслҳои имрӯзу ояндаро низ дар бар мегирад. Таҷрибаи таърихии мардуми тоҷик, ки роҳи душвори расидан ба сулҳу ризоияти миллиро тай намудааст, метавонад барои таҳкими фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ сабақи муҳим бошад. Қабули чунин иқдомҳо бори дигар собит месозад, ки ҳифзи сулҳ ва пешгирии низоъҳо масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон роҳи рушди мустақилонаи худро идома медиҳад, дарки арзиши сулҳу субот ва ҳифзи ваҳдати миллӣ аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Таърих собит намудааст, ки нооромӣ метавонад ба ҳаёти ҷомеа, иқтисодиёт, маориф, фарҳанг ва ояндаи наслҳо таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳаммулпазирӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтироми андешаи дигарон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ бояд аз арзишҳои доимии ҷомеа бошанд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлати соҳибистиқлол назар афканем, сабақҳои таърихиро омӯзем ва саҳми ҳар як шаҳрвандро дар ободии Ватан мавриди андеша қарор диҳем. Нақши ниҳоди президентӣ ва фаъолияти роҳбарияти давлат дар раванди сулҳофарӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва татбиқи барномаҳои рушди миллӣ аз мавзуъҳои муҳимми таърихи навини Тоҷикистон мебошанд.
Бояд таъкид намуд, ки сулҳ асоси ҳастии миллат, ваҳдат омили пойдории давлат ва истиқлолият рамзи озодиву соҳибихтиёрии кишвар мебошад. Ин арзишҳо ба осонӣ ба даст наомадаанд ва ҳифзи онҳо масъулияти бузурги ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мо бояд сулҳро на танҳо ҳамчун дастоварди таърихӣ, балки ҳамчун масъулияти ҳамарӯзаи худ дар назди Ватан, ҷомеа ва наслҳои оянда қабул намоем.
Арҷгузорӣ ба талошҳои созанда ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими таърихи муосири Тоҷикистон мебошад. Қадр намудани дастовардҳои даврони истиқлол, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ бояд вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст бошад. Зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ миллат метавонад неруи созандаи худро ба рушди Ватан равона созад, давлат пешрафт намояд ва наслҳои оянда дар шароити озодиву амният ба камол расанд.
Пас, биёед бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҳифзи сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, пос доштани истиқлолияти давлатӣ ва ободии сарзамини аҷдодӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз ягонагии мардум, меҳнати созанда, маърифати баланд ва садоқати ҳар яки мо ба Ватан вобаста мебошад.

 

Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор – Ректори
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

You might also like