Ташаббусҳои пешвои миллат оид ба масъалаҳои пирях
Дар кишвари мо танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21- уми марти ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардида, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра мебошад.
Мушоҳида мешавад, ки дар даҳсолаи охир инсониятро муаммоҳои тағйирёбии иқлим, зиёдшавии офатҳои табиӣ, тармафароӣ, хуруҷи ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, норасоии об, зиёдшавии аҳолӣ, обшавии пиряхҳо ва ғайра “таҳдид” намуда истодааст.
Тибқи маълумоти мавҷуда дар марзи Тоҷикистон 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Тоҷикистон борҳо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро таъсис диҳад, ки дар доираи он метавон барои ҳифзи пиряхҳо васеъ истифода кард.
14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Барои пешгирӣ намудани тағйирёбии иқлим ва пешгирии оқибатҳои манфии он дар баробари саъйу кӯшишҳое, ки Ҷумҳурӣ амалӣ карда истодааст гузаронидани тадқиқоти ҳамаҷониба оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии об, табодули таҷриба, мубодилаи маълумот, такмил додани ҳамкориҳо, бахусус дар татбиқи чорабиниҳои мутобиқсозӣ, аз ҷумла гузаронидани мониторинг ва системаи огоҳкунии пешакӣ ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ, истифодаи такрории об, мониторинги обшавии пиряхҳо, диверсификатсияи иқтисодиёт, диверсификатсияи сарчашмаҳои энергия ва инкишофи он аз қабили нируи офтобӣ, бод ва биоэнергия, обҳои зеризаминӣ, ва ғ. хеле зарур мебошад.
Аз захираҳои обии Тоҷикистон натанҳо, сокинони дохилӣ, балки кишварҳои ҳамсоя низ баҳраманд мегарданд, аз ин рӯ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирёбии иқлим нигаронӣ намуда, меафзоянд: «Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад».
Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд. Пиряхҳое, ки дар минтақаҳои баландкӯҳ ва қутбӣ пайдо мешаванд ва номҳои гуногун доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби он ки 93 дарсади қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, яке аз кишварҳои осебпазир ба офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Тақрибан 14000 пирях, ки ҳоло дар ҳолати обшавӣ қарор доранд, Тоҷикистон осебпазиртарин кишвар дар баробари тағйирёбии иқлим шуморида мешавад. Тағйирёбии иқлим ба кишвари мо зиёдтар дар шакли обшавии пиряхҳо таҳдид мекунад. Ҳамаи мо медонем, ки пиряхҳо дар гардиши об нақши муҳим доранд ва манбаи обтаъминкунии аҳолии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Обшавии пиряхҳо дар кӯтоҳмуддат боиси болоравии сатҳи дарёҳо, обхезӣ, сел гардида дар дарозмуддат сабаби норасоии об, хушксолӣ шуда ба ҳаёти миллионҳо нафар дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои поёноб таҳдид мекунад.
Гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки дар 80 соли охир то 35 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон дар минтақаи кӯҳистонии Помир бар асари гармшавии глобалӣ ва болоравии ҳарорат об шудааст. Хабари ташвишовар ин аст, ки пиряхҳо хеле зуд об шуда истодааанд ва тибқи маълумотҳои расмӣ дар кишварамон то ҳол тақрибан 1000 – то пирях об шудааст. Имрӯз суръати талафоти пиряхҳо дар Тоҷикистон ҳар сол тахминан 1 фоизро ташкил медиҳад ва бо ин суръат танҳо то охири аср об шудани ҳамаи пиряхҳои боқимонда дар ҷумҳурӣ аз эҳтимол дур нест.
Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намуданд, ки дар ҷараёни ҳалли проблемаҳои мавҷудаи экологӣ ба мақсади устувории экологии танҳо як кишвари алоҳида ноил шудан имконнопазир аст. Дар ҳамин ҳол, барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омад, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон корҳои ташаббускор анҷом дода шавад. Мо ин вазъиятро дар ҳалли масъалаи обшавии пиряхҳои калонтарини минтақа ва ҷаҳон равшан мушоҳида мекунем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Ассотсиатсияи байналмилалии онҳое, ки ба мушкилоти мавҷудаи экологӣ бетафовут нестанд, дар аудити дохилӣ ва берунии худ тадбирҳои гуногуни таъсири экологӣ ба таъсири инсон ба табиат муқаррар ва амалӣ менамояд. Аз ҷумла, масоили тағйири иқлим, камбуди оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии башар дар меҳвари паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар соли 2025, таҷлили нахустини Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон бо чорабиниҳои васеи фарҳангӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз, чорабиниҳо бо иштироки коршиносони варзида, муҳаққиқон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, мониторинги пиряхҳо ва роҳҳои кам кардани таъсири манфии он баррасӣ шуданд.
Хулоса, таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо як иқдоми саривақтӣ ва дорои аҳамияти стратегӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувор мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ин роҳро пеш мебарад. Ин иқдом намунаи барҷастаи нақши кишварҳои хурду кӯҳӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ мебошад ва бори дигар исбот менамояд, ки ирода, дониш ва ҳамкории байналмилалӣ метавонанд ҷаҳони моро ба сӯи ояндаи беҳтар раҳнамун созанд.
Хӯҷаназарова Мақсуда Имомназаровна,
н.и.к., дотсент, мудири кафедраи маркетинг-агробизнес