Дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон – аз ҷониби кишварҳои хориҷа
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаи мазкур чунин андешаронӣ намуда, иброз медоранд, ки “кишварҳои ҷаҳон бояд сиёсати миллии худро дар соҳаи об таҳия намоянд
Бояд хотирнишон кард, ки аз рузҳои аввали ба сари ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол омадани Эмомалӣ Раҳмон, тавонист дар муносибат бо давлатҳои гуногуни олам сиёсати «дарҳои боз»-ро ихтиёр намояд. “Ин сиёсат моҳиятан ва амалан фарҳанги ҷадиди ҳамзистӣ бо ҷаҳони имрӯз аст, ки бо шарофати он Тоҷикистон дӯстону ҳамёрони зиёде дар ақсои олам пайдо карда, ҳамзамон манфиатҳои миллии худро ҳифз намуд. Чунин сиёсати мутавозину санҷидашуда имконият медиҳад, ки ҷумҳурӣ дар ҷодаи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии худ собитқадамона пеш рафта, дастнигари давлатҳои алоҳида набошад. Ин сиёсат шароит фароҳам меорад, ки ҷумҳурӣ барномаву нақшаҳои худро яке паси дигаре амалӣ намуда, дар ояндаи наздик дастовардҳои зиёдеро дар ҷодаи рушду инкишофи иқтисодӣ соҳиб гардад”[1].
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаи мазкур чунин андешаронӣ намуда, иброз медоранд, ки “кишварҳои ҷаҳон бояд сиёсати миллии худро дар соҳаи об таҳия намоянд;
- таҳияи стратегияҳои муштараки минтақавӣ барои идораи ҳавзаҳои рўдҳои фаромарзӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005–2015);
- фароҳам овардани фазои боварию эътимод дар муносибатҳои давлатҳои ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ бо ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи маҳаллӣ дар раванди гуфтушунидҳо ва ғайраҳо”[2].
Таҳлили сарчашмаҳои илмӣ шаҳодат медиҳанд, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрӯз, аз он ҷумла муаммои умуиҷаҳонӣ вобаста ба об, нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли мо дар анҷумани давлатҳои мутамаддин мусоидат намуданд.
Бояд хотирнишон сохт, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаҳои муҳими «Об» – ро қабул кард:
- Эълон гардидани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза (Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри 2000, 55/196);
- Эълон намудани солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 23 декабри 2003, 58/217, иҷлосияи 58);
- Эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2010, 65/154, иҷлосияи 65);
- Эълон намудани солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 21 декабри соли 2016, 71/222, иҷлосияи 71).
- Эълон намудани соли 2025 – Ҳифзи пиряхҳо ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми навбатии худро бо номи Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 эълон карданд. Чунончи, 8 -уми июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд.
Дар сафари мазкур, 9 – уми июни соли равон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва маросими муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок ва суханронӣ намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади навбатӣ чунин қайд карданд: “Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлати мо ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд. Имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд, ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст. Хатарҳои муосир ба уқёнусҳо мушкилоти умумибашарӣ буда, беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастҷамъиро тақозо менамоянд. Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба уқёнусҳо алоқаманд набошад ҳам, дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим нақши калидӣ дорад. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе”, дар давоми ду даҳсола кишварҳои узви Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ба ҳам меоранд”[3].
Бояд хотирнишон кард, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Тоҷикистон ва мустаҳкам кардани муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ нақши муҳим доранд. Ин ташаббусҳо на танҳо барои пешбурди кишвар, балки барои амнияти минтақа ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ низ аҳамияти калон дошта, ташкилоти байналмилалиро водор месозанд, ки ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд. Натиҷаи дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикиситон аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишварҳои хориҷӣ, бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Дар ин контекст, мо бояд ба баъзе намунаҳо ишора кунем:
- дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ: Кишварҳои мухталиф ба лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, ки ин боиси рушди инфрасохтор ва иқтисоди миллӣ мегардад;
- ҳамкорӣ дар соҳаи амният: Идовории созишномаҳо дар соҳаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, ки Пешвои миллат намояндаи батартиботи амниятӣ мебошад, риоя ва дастгирӣ карда мешавад;
- таъсиси марокиз ва намояндагиҳо: Ифтитоҳи намояндагиҳое, ки ба муқовимат дар баробари асолат паём мерасонанд ва рушди фарҳангу илм метавонад боиси таҳкими робитаҳо гардад.
Ин иқдоми Пешвои миллат боиси пешрафт дар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон гардида, ба ҳокимияти маҳаллӣ, иҷтимоиёт, амнияти минтақа, рушди ҷаҳонӣ ва иқтисод таъсири мусбат мерасонад.
**************************************************************
[1] Ҳ. Зарифӣ, Н. Зоҳидов, Д. Назриев, Х. Сафаров. Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон. (Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ). – Душанбе. «Ирфон», 2012, 272 саҳ. – С-242
[2] Музаффарзода Муҳаммад, Давлатзода Умед. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар ҳалли мушкилотии глобалии марбут ба об. –Душанбе: КВД «Тоҷикдипсервис», 2017, 63 сањ.- С.25
[3] Э.Раҳмон. Суханронӣ дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус.Франсия.09.06.2025
*****************
Ҳамидова М.М. – н.и.т., мудири
кафедраи таърих ва диншиносӣ