ТОҶИКИСТОН – ИШТИРОКЧИИ ФАЪОЛИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва аъзои комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ тавонист дар фурсати кӯтоҳ стратегияи сиёсати хориҷиро таҳия ва қабул намуда, дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои аҳамияти умумибашарӣ дошта баромад намояд. Бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло панҷ ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ пайдо намуданд. Мақсади ин ҳама ташаббусҳо ба таври осоишта ва саривақт бартараф намудани зиддияти байни кишварҳои минтақа вобаста ба масъалаи истифодаи захираҳои об, фароҳам намудани заминаи боварӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ҷиҳати пешгирии мушкилоти обӣ равона шудаанд. Ташаббусҳои мазкур  имкон медиҳанд, ки сардорони давлатҳо, иқтисодчиён, олимону коршиносони соҳа, намояндагони созмонҳои минтақавию байналмилалӣ тавассути мубоҳисаҳои муфид ба ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда талош намоянд. Имрўз масъалаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ яке аз масоили мубрами ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб рафта, таъминоти сайёра бо об яке аз ҳадафҳои асосии инсоният мебошад. Аз сабаби норасоии оби ошомиданӣ дар ҷаҳон мушкилоти риоя нашудани санадҳои байналмилалӣ дар робита ба истифодаи дарёҳои сарҳадгузар рўи кор омадаанд. Гузашта аз ин, баъзан риоя нашудани қонунҳои байналмилалӣ, оид ба истифодаи захираҳои табиӣ, боиси зиддияти сиёсиву низомии байни давлатҳо мегарданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани чунин ташаббусҳои созанда Роҳбари давлат пайваста дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва суханронӣ менамоянд, ки ин бешубҳа ба боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Дар ин иртибот санаи 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034” иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” иштирок дорад.

Ҳамчунин, дар доираи ин сафар санаи 9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 15 ҳазор иштирокдор аз 120 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 70 созмони байналмилалию минтақавӣ, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 50 кишвар ширкат варзиданд.

Бояд зикр намуд, ки сол аз сол бар асари гармшавии иқлим ва зиёд шудани аҳолии кураи замин, вайрон намудани назми табиат боиси ифлосшавӣ ва норасоии об дар сатҳи ҷаҳонӣ гардида, он ба муаммои умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, дарки дурусти ин мушкилот ва бартараф намудани онҳо на танҳо вазифаи сарварони сиёсӣ, балки ҳар як инсон буда, он муносибати ягонаро тақозо менамояд.

 

Шӯҳрат Саидзода,

н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like