Ватан сар мешавад аз гаҳвора…
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” 2 ноябри соли 2022 қабул шуд ва аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расида, сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, бо сиёсати роҳбарӣ, балки бевосита, дар гуфтору амал мардумро дар ин ҷода ҳам раҳнамо ва ҳам намунаи ибрат гардонид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пеш аз ҳама, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар мамлакат, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Пешвои муаззам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор диҳем».
Ватандӯстӣ, муносибати шахсият нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ва муҳофизат намудани Ватан ифода меёбад. Ифтихор намудан аз пешравию дастовардҳои ватани худ, нигоҳ доштани хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва миллат беҳтарин сифатҳои ватандӯстӣ мебошанд. Ватандӯстӣ яке аз хислатҳои неки инсоният дар тамоми давру замон ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами раванди таълиму тарбия мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар ба ҳисоб рафта, содиқ ба он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ назорати ҷиддӣ мебарад. Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳои ҷумҳурӣ, ҳимояти марзу буми кишвар ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Вобаста ба ин, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии азизамон бояд барои абадан пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолияти миллӣ саҳмгузор бошад.Ҷиҳати боло бурдани ифтихори ватандорӣ ва худогоҳии миллии шаҳрвандон пайваста татбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешавад.
Ватан, ишқи ту ифтихорам,
Ватан дар раҳат ҷоннисорам.
Ватан, хоки покат биҳиштам,
Ватан, гулханат лолазорам.
ПЎЛОТОВА М. Х. сармуаллимаи кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ