Ғолибияти донишҷӯёни ДДҲБСТ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

17 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Левакант маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор шуд. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ин олимпиада натиҷаҳои назаррас нишон доданд. Донишҷӯи ДДҲБСТ Ғафурзода Тоҷиддин Маҳмадсаид  аз фанни ҳуқуқшиносӣ ва Мамадҷонов Абдуматин Абдуқаюмович  аз фанни фалсафа сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Ҳамзамон, Атахонова Сарвиноз Хайруллобековна дар фанни забони русӣ ҷойи ифтихориро ба даст овард.

Ин дастовард бозгӯи сатҳи баланди тайёрии донишҷӯён ва заҳмати устодони донишгоҳ мебошад.

 

                                                                                                        Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like