Дуруд, эй Лоиқи дилҳо

Таҳти ин унвон 16 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор шуд.

Чорабинии мазкур дар доираи Моҳвораи ҷавонон бо ташаббуси факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ роҳандозӣ шуда, ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ба омӯзиши ашъори ноби шоири миллат, шоири ватансарову ватандӯст Лоиқ Шералӣ мебошад.

Дар оғози маҳфили адабиву фарҳангӣ декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Дониш Майнусов аз зиндагиномаву ашъори тараннумгари панду андарз, ахлоқи ҳамида, ишқу муҳаббат ба Ватан – Модари ин шоири ширинкалом ёдовар гардид.

Дар идомаи маҳфили мазкур чанде аз донишҷӯён аз маҷмӯаи шеърии Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат намуданд.

Чорабинии адабиву фарҳангӣ бо қадршиносии донишҷӯёни фаъол ба интиҳо расид.

                                                                                                    Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомев

 

 

 

You might also like