Ҳифзи сарзамини аҷдодӣ
Имруз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва вайрон намудани мафкураи ҳар як сокини сайёра амал карда истодааст. Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол дар ҷаҳони мутамаддин қадамҳои устуворе дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти маданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузошта истодааст. Бо вуҷуди ин ҳама рушду такомул, баъзе масъалаҳое пеш меоянд, ки ба пояҳои давлатдорӣ ва амну суботи кишвар халалҳо ворид месозанд.
Яке аз ин падидаҳои номатлуб вабои аср терроризму экстремизм мебошанд, ки хатарҳои он на танҳо ба давлатҳои кўчак, балки таъсири манфии он ба давлатҳои мутараққии сайёра низ таҳдидовар аст. Аз фаъолияти тахрибкоронаи онҳо ҷавонону наврасон, ки дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоранд, бештар осеб мебинанд. Азбаски муассисони ҳаракатҳои экстремизму терроризм ба фаъолиятҳои гурўҳҳои худ тобишҳои исломӣ додаанд, мебояд исломи ноби беайбу нуқсонро аз «ислом»-и доштаи эшон ҷудо кард, зеро таълимоти динии онҳо ба шакли таҳрифшуда буда, ҳадафу ғояҳои онҳо танҳо нооримии давлатҳо ва тасарруф бар онҳо, нобуд сохтани фарҳангу тамаддуни башарӣ, зарар расонидану ба ҳалокат расонидани мардуми бегуноҳ, гумроҳ сохтани ҷавонон ва ба сафи худ ҳамроҳ кардану оқибат ба ҳалокат расиданашон ва амсоли ин гуна амалҳои даҳшатноки ғайриинсонӣ мебошад. Ин гурўҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ҳама гуна роҳу воситаҳоеро ба кор мебаранд. Аз ин рў, тамоми мардуми сайёра, ба хусус ҷавонону насли наврасро лозим аст, ки аз фитнаву дасиса ва найрангу фиреби гурўҳҳои ифротӣ эмин бошанд ва тавонанд аз хатарҳои таҳдидкунанда ва шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ худро ва дигаронро муҳофизат кунанд.
Рохбарияти ташкилоти террористи ва экстремистии Ҳизби назҳати ислом Мухиддини Кабирӣ ва пайравони ў дини мубини исломро ба худ мисли ниқоб истифода бурда, ба куштору ғорат даст зада истодаанд, амалҳои онҳо ба дини мубини ислом ягон алоқа надорад. Қувваҳои манфиатҷуй бо роҳбарии душмани халқ Кабирӣ бо супориши хоҷагони хориҷиашон дар давраи нобасомониҳо кўшиш намуда, шахсиятҳои бузурги сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳуриамонро ба коми аҷал кашидаанд. Хиёнаткори Ватан наҳзатиён ба дуои модарони фарзандгумкарда ва фарзандони бепадармонда гирифтор мегардад. Алакай ҷавонони мо медонанд, ки Кабирӣ кисту ҳаммаслакони ў кист. Имрӯзҳо Муҳиддин Кабирӣ фарзандони мардумро гумроҳ карда истодааст, ў хостори рехтани ашки чашми модарон аст илоҳо ба камоли пирӣ нарасад, рўзе мерасад, ки Мухиддин Кабирӣ ҷазои худро мегирад.
Дар шароити кунунӣ ҳифз ва ташвиқи тарбияи ифтихори давлатдорӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон ниҳоят зарурӣ арзёбӣ мегардад. Барои пешгирии падидаҳои номатлуб дар мамлакат, махсусан дар байни ҷавонон ноил шудан ба сатҳи баланди худшиносӣ, худогоҳӣ ва дарки масъалаҳои геопалитикии сайёра ниҳоят муҳим аст. Агар инсон то ба сатҳи баланд рушд накунад, ба зинаи худшиносӣ нахоҳад расид, зеро танҳо шахси ба дараҷаи муайяни камолоти инсонӣ расида худшинос мегардад. Бинобар ин, расонидани ҷавонон ба сатҳи баланди худшиносӣ ва ахлоқӣ ба ҳалли мушкилоти буҳрони маънавӣ мусоидат карда, дар ин замина онҳоро аз ҳар гуна хатару фишорҳои гурўҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ медорад.
Шинохту таҳлили ҳодисаву руйдодҳо ва равандҳои муосири сайёра, вазъи минтақа, шиддат пайдо кардани зиддиятҳо ва рақобати қудратҳои мухталифи ҷаҳонӣ, авҷ гирифтани фаъолияти гурўҳҳои ифротӣ, ҷалб сохтани ҷавонони фаъол ба ҳизбу ҳаракти характери террористидошта ва амсоли ин гуна падидаҳои номатлуб ҷавононро бар он водор месозад, ки аз вазъу ҳолатҳои минтақа ва ҷаҳон бархурдор бошанд ва барои ҳифзи сарзамини хешро аз бодҳои шуму сардфишон муҳофизат намоянд.
Мо бо ақли солим андеша намоем, ки кишвари мо биҳишти рўи замин аст, ба роҳи гумроҳи нарафта барои зиндагии шоистаи мардум давлату миллати хеш андешаҳои солими худро ҳамчун шаҳрванди ватандўсти ҷомеа баён дошта, барои ояндаи хушбахтонаи фарзандони халқу миллати худ саҳми арзандаи худро гузорем.
Маҷидова М. – н.и.ф., сармуаллимаи
кафераи забони англисии ДДҲБСТ