Усули таҳияи мақолаи илмӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбанд”. Дар такя ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи “Усули таҳияи мақолаи илмӣ” доир гардид. Дар кори семинар устодону кормандон ва олимони ҷавон иштирок намуданд.
Раиси шӯрои олимони ҷавони вилоят, дотсент Шӯҳрат Саидзода семинари илмӣ-методиро ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи “Марҳилаҳои омода намудани мақолаҳои илмӣ” маърӯза кард. Тибқи барномаи семинар дар идома сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ дотсент Самадова З. баромад намуд. Ҳамчунин мутахассиси нашриёти “Дабир” Охунҷонова Н. дар мавзӯи “Пешгирии камбудиҳо ҳангоми навиштани мақолаҳои илмӣ” маърӯза кард.
Қайд гардид, ки баргузориву ташкил намудани чунин семинар ва мизҳои мудаввар барои бештар намудани сафи олимони ҷавон, таҳияи мақолаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва дар умум ба рушди соҳаи илм заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

