Ҳофизаи таърихӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи арҷгузорӣ ва арзишҳои таърихии миллӣ
Имрўзҳо ба мероси таърихии ниёгонамон, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳои халқи тоҷик хориҷиён ба ҳавас ва шавқу рағбати зиёд менигаранд. Зеро, аз тарафи халқҳои дигар эътироф гаштани арзишҳои маънавиамон, боиси ифтихор ва ғуруру худшиносии миллӣ мегардад.
Донистани таърих, ҳифз намудани ҳофизаи таърихӣ фазилати муҳими миллии халқамон буда, моро ва хосатан ҷавононро водор мекунад, ки доир ба кору пойкори афроди номвари кишвар, ҷонфидоиву қаҳрамонҳои халқамон, фаъолияти эҷодии олимон, адибону санъаткорони номварамон, мероси бойи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ниёгонамон маълумоти бештар дошта бошем, ворисони арзандаи гузаштагони соҳибмаърифатамон гардем, баҳри шод гардонидани рўҳи падару бобоёни фидокорамон талош варзем ва баҳри аз таърих хулосаи дуруст баровардан кўшиши бештар харҷ диҳем.
Дар шароити ҷахонишавӣ ва суръати баланди иттилотии замони муосир ҳофизаи таърихӣ ва хосатан арзишҳои маънавӣ баҳри тарбияи ҷавонон дар руҳияи муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан, бедор намудани ҳисси масъулиятнокии онҳо дар роҳи пойдории тинҷиву осоиштагӣ, ривоҷу равнақи кишварамон нақши муҳим мебозанд.
Камолоти маънавӣ ва фарҳангиву ахлоқии ҷавонон маҳз бо донистани таърих тақвият меёбад. Албатта, донистани фаъолияту корнамоиҳои афроди номвари таърихиамон, аз қабили Шераку Томирис, Спитамену Темурмалик, Исмоили Сомониву Низомулмулк, Рўдакиву Сино, Фирдавсиву Мавлоно Румӣ, Имом Бухориву Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ, Шайх Камоли Хуҷандиву Абдурраҳмони Ҷомӣ ва амсоли онҳо савияи донишу маънавиёт ва фарҳанги ҳар як фардро боло мебардорад. Вақто, ки аз ҷавонони имрўза дар бораи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ пурсон мешавед, онҳо бо як ифтихор, ҳаяҷону ғурури баланд ўро ба забон мегиранд, дар бораи саҳми Фирдавсӣ ба тамаддуни башарият ҳарф мезанад, «Шоҳнома»-и безаволи ўро таърифу тавсиф мекунанд. Аммо вақто, ки доир ба аз ёд қироат намудани байтҳои ҳикматомези шоир пурсон шавед, аксар вақт ҷавонон душворӣ мекашанд.
Инчунин қисми зиёди ҷавонон доир ба этногенези халқи тоҷик, омилҳои ташаккулёбии халқияти тоҷик, оин ва рукнҳои давлатдории миллӣ, андешаи миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам, ки ҳофизаи таърихиро бедор мекунад маълумоти кофӣ надоранд. Сабаби ин надонистани таърих, ноогаҳ будани ҷавонон аз маънавиёту фарҳанги гузаштагонамон аст.
Ояндаи дурахшон ва бахту иқболи миллат ба ҳофизаи таърихӣ вобастагӣ дорад. Бедории ҳофизаи таърихӣ, нисбат ба гузаштаи аҷдодамон ҳурмату эҳтиром ба ҷо овардан, анъанаву расму оини миллиро фаромўш накардан мавқеъи маънавиву ахлоқии ҳар як фарди ҷомеа, хусусан ҷавононро муайян мекунад. Ин мавқеъ чӣ қадар баланд бошад, ҳамон қадар суръати рушду тараққиёти миллӣ боло меравад. Халқе, ки аз ҳофизаи таърихӣ, арзишҳои миллиаш ҷудо карда шудааст ё ки худи ў аз он дур шудааст, бешубҳа ба таназзул рў мениҳад. Дар ин бобат дар саҳфаи таърих мисолҳо зиёданд.
Ҳофизаи таърихӣ ин огоҳ будани хар як фард, намояндагони авлодҳои гуногун ва ҷомеа аз таърихи дуру наздик, воқеаву ҳодисот, баҳраманд гаштан аз амалҳои неки аҷдодон, бохабар будан ва ҳифз намудани мероси маънавиву маърифатии ниёгон ва ба таври қатъӣ ба онҳо амал намудан аст. Аз ин огаҳии таърихӣ ҳофизаи умуммиллӣ ташаккул меёбад. Вақто ки аз вобастагӣ ва алоқамандии дирўзу имрўзи таърих фикр меронем, айнан ҳамин ҳолат дар назар дошта мешавад. Яъне ҳофизаи таърихӣ дар давоми солҳову қарнҳо ва давраҳои таърихӣ ташаккул меёбад. Дар оинаи ҳофизаи таърихӣ таърихи миллат, роҳҳои тайнамудаи он, муборизаву қаҳрамониҳо, орзуву омол, саъю талошҳо, мероси маънавии барои авлоди оянда гузошташуда акс меёбад.
Таърихи инсоният аз ҳаёти чандинҳазорсолаи зоти одамӣ, саъю ҳаракат, созандагиву бунёдкорӣ, ҷангу ҷидолҳо, тохтутозу муҳорибаҳо, офатҳои табиӣ, муборизаҳои сиёсӣ, баҳсу талошҳо ва сирру асрори гуногун иборат аст. Муҳимтарин андеша аз ин солномаи дар саҳфаҳои таърих сабтшуда аз он иборат аст, ки ҳар як шахс, ҳар як авлод бояд аз ҳаёти аҷдоди гузаштаи хеш, аз дастоварду хатоҳои содирнамудаи онҳо огаҳ бошад, барои худ бояд аз онҳо хулосаи зарурӣ бардорад. Танҳо бо ҳамин роҳ миллат худро ҳифз карда метавонад.
Аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишварамон ба масъалаҳои омўзиши мероси фарҳангиву маънавӣ, донистану гиромӣ доштани таърих, урфу одат ва анъанаҳои бойи халқамон эътибори ҷиддӣ дода шуд. Хусусан, донистану омўхтани таърихи ниёгонамон ба мадди аввал баромад, Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромад, маърўза ва паёмҳои худ оид ба аз таърих сабақ бардоштану гиромӣ доштани дастовардҳои таърихии ниёгон ва дар партави он муайян намудани ояндаи дурахшони кишварамон ҳарф мезанад. Олимони соҳаи ҷомеашиносиро пайваста ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ ҳидоят мекунад. Президенти кишварамон дар суханронии хеш бахшида ба ба муносибати 3000-солагии маданияти Ҳисор, варзишгоҳи ноҳияи Ҳисор санаи 27 октябри соли 2015 таъкид намуда буд, ки: «Аз рўзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то ба имрўз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани ойину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Зеро ба ҳамин васила мардуми мо метавонанд гузаштаи худро дурусту воқеъбинона дарк намоянд ва эҳсоси муҳаббат ба таърихи Ватани маҳбубамон дар қалби наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасоз решадор гардад».
Дар солҳои истиқлолият олимони таърихшиноси кишвар асарҳои пурарзиши илмӣ эҷод намуданд. Нашр гардидани асари бунёдии 6 ҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» (бо забони русӣ, зери назари академик Раҳим Масов), китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён»-и Эмомалӣ Раҳмон, «Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои донишҷўёни мактабҳои олӣ» (зери таҳрири Н.Неъматов), «Давлатдории тоҷикон» (мураттиб Н.Амиршоҳӣ), «Таърихи халқи тоҷик: асри ХХ» – и Ғ. Ҳайдаров, «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»-и М.Бобохонов, «Таърихи тоҷикон» ва «Ҳафтхони Темурмалик»-и Н.Турсунов, қомуси дуҷилдаи «Донишномаи Сомониён» аз зумраи онҳоянд. Дар ин солҳо «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров, «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, аз нав чоп шуданд. «Қуръон» дубора ба забони тоҷикӣ чоп шуд, асарҳои таърихии ниёгонамон «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Таърихи Сиистон», «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ, «Шоҳномаи Саолибӣ», «Тарҷумаи Тарихи Яминӣ»-и Ҷурфодиқонӣ ва ғайраҳо мунташир гаштанд.
Ҳамзамон дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон таҷлили санаҳои муҳим ва дурахшони таърихӣ, баргузор кардани ҷашнҳои олимон, адибон, ҳунармандони мумтоз ба ҳукми анъана даромад, ки ин ҷашнҳо дар пойдории ҳофизаи таърихӣ нақши созгор бозиданд. Чунончӣ, дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор кардани ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО таҷлил гардидани ҷашнҳои ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 90-солагиву 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, 80-солагии Муҳаммад Осимӣ, 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675 – солагии Хоҷа Камол, 960-солагии Умари Хайём, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто», 1310 солагии Имоми Аъзам, 2700-солагии Кўлоб, 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ, 3000-солагии Ҳисор ва ғайра дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа руйдодҳои хеле муҳим гардиданд.
Ҳофизаи таърихӣ дар роҳи мақсаднок истифода бурдани арзишҳои миллӣ, баҳри ғанӣ гардонидани дунёи маънавии хеш ва дар асоси дастовардҳои рушди умумибашарӣ такомул додани он нақши муҳим касб мекунад. Яъне, эҳсосоти ҳофизаи таърихӣ танҳо дар он сурат ба таърихи ҳақиқӣ мубаддал мегардад, агар роҳи тайнамудаи халқ, муваффақияту музаффарият, талафоту қурбониҳо, шодиву сурури он холисона ва ҳаққонӣ омўхта шавад ва баҳо дода шавад.
Дар ҳақиқат имрўз ба суоли «дирўз кӣ будему имрўз кӣ шудем?» посух гирифтан, то даврони соҳибистиқлолӣ чӣ гуна ҳодисаҳои таърихиро аз сар гузаронидани халқамонро донистан ва аз онҳо сабақ бардоштан барои муайян кардани роҳи ояндаи ҳаётамон хеле муҳим мебошад.
Имрўзҳо ба омўзиши таърихи Ватани азизамон эътибор афзудааст. Зеро насли наврасро бо сабақи таърихӣ, бо ҳакиқати таърих мусаллаҳ намудан хеле муҳим мебошад. Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот (томактабӣ, таҳсилоти миёна, литсею коллеҷҳо, омўзишгоҳҳо ва мактабҳои олӣ) ба холисона ва ҳаққонӣ омўзонидани таърихи Ватан эътибори бештар доданамон зарур аст. Хушбахтона, дар ҷумҳуриамон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба омўзиши таърихи гузашта, муборизаҳои озодихоҳонаи халқамон, эҳтирому арҷгузорӣ нисбати ашхоси мондагори таърихамон, ҷавононро дар руҳияи ифтихор аз кору пойкори ниёгонамон тарбия намудан эътибор дода мешавад. Ин эътибор маҳаки асосии тарғиби андеша ва мафкураи истиқлолияти миллӣ, дар байни ҷавонон ба роҳ мондани тарбияи маънавӣ, дар ниҳоди онҳо ташаккул додани руҳияи садоқат нисбат ба Ватан ва соҳибистиқлолии кишварро ташкил додааст. Агар дар шуури ҷавонон эҳсоси ҳофизаи таърихӣ ва қадршиносӣ бедор карда шавад ва ин ҳиссиёт бо кори таълимиву тарбиявӣ ҳамоҳанг гардад, дар қалби онҳо орзуи вориси ҳақиқии аҷдодону ҳамасрони бузургу соҳибтаҷриба ва соҳибмаърифат шудан бедор мегардад. Яъне, агар мо аз ҳофизаи таърихии ниёгонамон огаҳ бошем, хотираи таърихии аҷдоди гузаштаамон ифтихор намоем, қаҳрамонони миллат, муборизони роҳи озодии халқамонро фаромўш насозем, ҷасорату фидокории онҳоро барои худ ва фарзандонамон намунаи ибрат донем, пасовандони мо низ чунин роҳро интихоб мекунанд.
Ҳофизаи таърихӣ баҳри аз ҳар ҷиҳат ҳамчун инсони комил тарбия ёфтани ҷавонон, ташаккулёбии ҷаҳонбиниву шуури онҳо, аз мерос ва насиҳатҳои гузаштагони соҳибмаърифатамон бархурдор гаштани онҳо мусоидат мекунад.
Ҷўрабек Исомитдинов, номзади
илмҳои таърих, дотсент