Маркази илмӣ инноватсионии ҷавонон ва наврасон – талаботи рушди ицтисодиёт дар дурнамо

Аз бойгонӣ…

Ҳолати муосири иқтисодӣ, ки зери силсилаи буҳронҳои пайдарҳами иқтисодию молиявӣ қарор дорад, зарурияти дарёфт намудани омилҳои мазмуни дигар доштаи рушди иқтисодиёт ба миён омадааст. Тасаввур кардани инкишофи иқтисодиёти ҷаҳони муосир бе такя ба интихоби роҳи инноватсионии тараққӣ додани он мантиқ надорад. Бинобар ҳамин диққати бештар додан ба механизмҳои инкишофи иннноватсионии истифодаи тамоми захираҳо дар замони муосир мувофиқи мақсад мебошад.

Дар хар як ҷамъият ва давру замон талабот ба захираҳои техникӣ, технологӣ, инсонӣ, иттилоотӣ, ташкилӣ ва молиявӣ арзи вуҷуд дорад ва ин талаботҳо бо мурури замон рӯ ба тағъиротҳои куллӣ меоварад. Истифодаи самараноки тамоми захираҳои номбаршуда пеш аз ҳама аз малакаю кордонии захираҳои инсонӣ, лаёқатмандии онҳо дар тамоми ҷанбаҳои фаъолият, маҳорати дарки мароми рафти тараққиёти техникаю технология, иқтисодиёту иҷтимоиёт вобастагии зич дорад. Имрӯз даврае расидааст, ки ҷавонону наврасон ҳамчун ҷузъи ҷудонашвандаи сармояи инсонӣ ба эҷодкории илмӣ, техникӣ ва технологӣ бояд ҳар чи бештар шуғл варзанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки чавонону наврасон ҳам дар ихтирои техникаю технологияи нав, ҳам дар пеш бурдани истеҳсолот, ҳам дар истифодаи босамараи захираҳои молиявӣ бояд саҳмгузор бошанд. Таъмини мунтазами эҷодиёти илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-техникии ҷавонону наврасон бояд дар намуди занҷири мутассили макотиби миёна – макотиби олӣ – истеҳсолот – илм қарор гирад. Барои ин бошад дуруст ба роҳ мондани озмоиши амалии идеяҳои илмӣ, техникӣ инноватсионӣ метавонад ҳамчун пояи асосии рушди инноватсионии иқтисодиёт гардад.

Дар ин ҷода ташкили маркази илмӣ иноватсионии ҷавонон ва наврасон (МИИҶН) айни муддао мебошад. Ташкили чунин марказҳо ҳамчун нуқтаи рушди иқтисодиёт буда метавонад ва онҳо метавонанд ҳамчун ҷузъи таркибии инкишофи инноватсионӣ ва ҷузъи илмии кластерҳо дар баъзе аз соҳаҳои иқтисодёт баромад кунад, то ки ҳалли муаммоҳои техникӣ ва технологии доираи гуногуни соҳаҳои иқтисодиёти вилоят ва кишвар ба роҳ монад.

Ном гирифтани ин марказ ҳамчун маркази илмӣ инноватсионии ҷавонон ва наврасон асоси бунёдии худро дорад. Ин тарз номгузор намудани марказ фаъолияти онро фарохтар мегардонад ва доираи дар он ҷо ширкаткунандаро аз ҳисоби ҷавонони дар истеҳсолот фаъолият мебурда боз ҳам афзун мегардонад. Ба роҳ мондани робитаҳои зич дар байни донишҷӯён, магистрантон ва аспирантону ҷавонони дар истеҳсолот фаъолият мебурда суръати нисбатан тезтари амалишавии ақоидию идеяҳои илмию техникиро таъмин карда метавонад. Ин ҷараён имконият медиҳад, ки муаммоҳои иқтисодӣ ва техникии дар корхонаҳои минтақа мавҷуд буда дар чунин марказҳо роҳи ҳалли худро ёбанд ва ҷавонони пурра дар истеҳсолот фаъолият мебурда ба ҷараёни гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва озмоишҳои техникӣ ворид гарданд. Робитаи зичи байни муҳассилини макотиби олӣ ва ҷавонони дар истеҳсолот фаъолиятбаранда имконоти бо ҳам зич алоқаманд намудани илм ва истеҳсолотро пеш меорад. Ғайр аз ин робитаҳои илмии тадқиқотӣ дар байни кафедраҳои донишгоҳу донишкадаҳо низ пойдор мегардад.

Ҷоизи қайд аст, ки зарурияти модернизатсияи системаи инкишофи инфрасохтори маориф айни замон ба миён омадааст. Агар аз натиҷаҳои мушоҳидҳои гузаронида шуда сухан ронем, он гоҳ чунин хулоса меояд, ки дар аксарияти ҳолат баъди мактабӣ шудани кӯдакон завқу шавқи техникии онҳо минбаъд заминаи инкишофёбии худропурра набошад ҳам ба дараҷае гум мекунад.

Маълум аст, ки системаи маорифи танҳо як шаҳри Хуҷанд чил ададро макотиби таҳсилоти миёнаро дар бар мегирад. Илова бар ин дар ин мавзеъ як чанд макотиби олӣ ва миёнаи махсус арзи ҳастӣ менамоянд. Лекин қайд бояд намуд, ки базаҳои лаборатории фанҳои дақиқ чӣ дар макотиби миёна ва чӣ дар макотиби олӣ ба дараҷаи кофӣ ҷиҳознок нестанд. Ҷиҳозонидани лабораторияҳои тамоми макотиби миёнаи таҳсилоти умумӣ. Миёнаи махсус ва олӣ нархи гаронбаҳоро дорад. Аз ин меояд, ки системаи таълими иловагии ҷавонон ва наврасон дар сатҳи бояду шояд қарор дорад.

Дар байни ҷавонон ва наврасон шумораи муайяни дорои маҳорату лаёқат, шавку завҷ, хоҳишу қобилияти бурдани тадқиқотҳои илмӣ ва техникӣ кам нестанд. Пайдо кардани одати бурдани тадқиқотҳои илмӣ ва озмоишҳои техникӣ дар ҷавонон ва наврасон дар ҳолати мавҷуд будани шароити мусоид ҳукми доимиро мегирад, агар хусусияти мунтазамӣ ва мутассилии худро дошта бошад. Даме, ки як шахс як маротиба натоиҷи амалии идеяҳои инноватсионии худро мебинад ва илова бар ин ба маблағи муайян соҳиб мегардад, майлу рағбати ӯ ба боз ҳам фарохтару чуқуртар омӯхтани ин идеяҳо афзун мегардад. Бинобар ҳамин дар ҳамин раванд МИИҶН ҳамчун қисми таркибии инфрасохтори инноватсионӣ баромад карда метавонад.

Хулосаҳои гуфтаҳои боло пеш аз ҳама асоснок кардани зарурияти таъсиси ин марказҳоро пеш меорад. Ба зумраи зарурияти таъсиси МИИҶН инҳоро дохил кардан мумкин аст:

  • маълумоти иловагии техникӣ дар ҷодаи инкишофи эҷодиёти техникӣ барои донишҷӯён, мактабиён ва ҷавонони берун аз макотиби олӣ;
  • ба роҳ мондани коркарди лоиҳаи техникӣ ва инноватсионӣ аз тарафи ҷавонон ва наврасон;
  • ба роҳ мондани алоқаи зичи МИИҶН бо субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна;
  • иҷрои супоришҳои ҳукумати маҳаллӣ дар ҷодаи амалигардонии лоиҳаҳои техникӣ;
  • умуман маҳорати созандагии кӯдакон асосан баъди ба мактаб ворид шудан ба дараҷаи зарурӣ тараққӣ дода намешавад;
  • аз чиҳати техникӣ ҷиҳозонидани лабораторияҳои фанҳои амалии тамоми макотиби таҳсилоти умумӣ ва донишкадаҳои донишгоҳҳо хароҷотҳои ниҳоят гаронро талаб мекунад;
  • дарёфти наврасон ва ҷавони маҳорату малакаҳои хуби бурдани тадқиқотҳои илмӣ ва озмоишҳои техникӣ дошта дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад;
  • кам будани ҳиссаи кадрҳои баландихтисосои техникӣ дар шумораи умумии хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳо;
  • номувофиқии сатҳи мавҷудаи донишҳои техникии чавонону наврасон на танҳо ба талаботҳои дурнамои тараққиёти илм ва техника, балки ба талаботҳои муосири ин ҷараён;
  • набудани имконияти дар амалия татбиқи аксарияти идеяҳои илмӣ ва техникӣ дар ҷойҳои таҳсили муассилин

Иқтисодиёти хар як минтакаҳои кишвар ва инкишофи он хусусиятҳои ба худ хосро дорад ва дар самти фаъолияти МИИҶН инъикос ёфтани ин хусусиятҳо муваффақиятҳои назаррасро ба бор меоварад. Дар ин раванд мувофиқ шудан ба талаботи замони муосир ва стратегияи рушди иқтисодиёти минтақаҳо марому мақсаду мароми ташкили МИИҶН буда метавонад. Таъсиси чунини мврказҳоро бо якчанд далелу мақсадҳо асоснок кардан мумкин аст:

  • пешниҳоди имконияти дар таҷриба амалӣ гардонидани ҷараён, ки аз тавлиди идеяҳои инноватсионӣ то истеҳсоли маҳсулоти реалиро дар бар мегирад;
  • пеш овардани имконият барои ҷавонону наврасон баҳри худидоракунии тадбиқӣ эчодкории илмӣ, техникӣ ва технологӣ;
  • ба ҷавонону наврасон омӯзондани ҷараёни мустақилона татбиқи амалии эҷодҳои техникӣ ва технологӣ;
  • фароҳам овардани шароитҳои ташкилию методӣ барои пеш бурдани фаъолияти инноватсионӣ;
  • барпо кардани механизми ташаккули сармояи инсонӣ, ки бояд рушди устувори иқтисодиёти маҳалро таъин намояд;
  • паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон бинобар бештар шуғл варзидан бо тадқиқотҳои илмӣ ва техникӣ.

Ноил шудан ба кадом намудҳои мақсадҳое, ки набошад, риояи принсипҳое муайянро пеш меорад. Дар ташкил ва муташаккилгардонии фаъолияти МИИҶН низ такя ба принсипҳои зерин ба самаранок гардидани фаъолияти онҳоро такон мебахшад ва ба системаи муайян медарорад:

  • ҳамкории зичи бо ҳам алоқаманди тарафҳои манфиатдор;
  • таъмини нуқтаи назари инфиродӣ, мунтазамӣ ва мутассилӣ;
  • такя бештар ба натоиҷи назарраси амалӣ;
  • наздик карданти раванди тадқиқотҳои илмӣ, инноватсионӣ ва техникӣ ба муаммоҳои мавҷудаи сектори реалии иқтисодиёти минтақа ва ҷумҳурӣ.

Боз як масъалае, ки дар раванди ташкили МИИҶН ба миён меояд, ин зери васоии кадом ташкилот созмон додани онҳо мебошад. Таҷрибаи ташкили чунин марказҳо дар дигар мамолик шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо асосан дар миқёси донишгоҳу донишкадаҳо созмон дода мешаванд. Лекин чунин раванд дар созмондиҳии марказҳои илмӣ инноватсионӣ маҳдудиятҳои молиявӣ ва ширкати озодонаи ҳамаи хоҳишмандонро ба миён меояд. Гарчанде дар поён якчанд сарчашмаи сармоягузории таъсиси ин марказҳо оварда шуда бошад ҳам, хуб мешуд агар чунин марказ таҳти васоёи мақомоти маҳаллии давлатӣ созмон дода шавад:

  • фондҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
  • ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
  • вазоратҳои бо рушди илму инноватсиякунонии иқтисодиёт вобаста буда;
  • кумитаи ҷавонон, фарзиш ва туризм;
  • соҳибкорони маҳаллӣ;
  • мақомотҳои маҳаллӣ.

Интихоб кардани мақомотҳои маҳаллӣ ҳамчун васоёи асосӣ якчанд имтиёзҳоро соҳиб мебошад, ки асоситарини онҳо дар ҳимояи манфиати на як ё ду донишгоҳу донишкадаҳо, балки тамоми субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ дида мешавад.

Гуфтаҳои болоро бо силсисаи самаранокии боз ҳам мавҷудаи таъсиси ин марказҳо илова гардан мумкин аст. Ташкили шакли кушоди ин марказ ба намуди минтақаи озод метавонад тадқиқотчиёнро аз мамолики хориҷ низ қалб намояд ва чун натиҷаи мусбӣ муносибатҳои иқтисодии байни донишҷӯёни ихтисосҳои техникию муҳандисии донишгоҳҳои кишвари мо ва кишварҳои хориҷ равнақ ёбад. Ба роҳ мондан ва инкишоф додани робитаҳои илмӣ, истеҳсолӣ ва техникӣ бо чунин марказҳо дар давлатҳои хориҷа ба дарёфти роҳи беҳтарини ҳалли масъалаҳои ба миён меомада мусоидат мекунад.

Илова бар ин, ташкили конкурсҳо дар ин чунин марказҳо мебояд хусусияти инфиродиро дошта метавонанд ва ба ҳалли муаммоҳои иқтисодию техникии истеҳсолоти минтақаю кишвар бахшида мешаванд, ки натиҷаи он ба сарҷамъ шудани тадқиқотчиёни тамоми минтақаҳо ва соҳаҳо оварда мерасонад.

Дар ҷамъияти муосир, ки хусусияти авалинаи он иттилотӣ шуданаш мебошад, ташкили чунин марказҳо ба дастрасии иттилоотҳои наву муосири илмию техникӣ барои шумораи бештари ҷавонону наврасон мусоидат мекунад ва ба ҳамин тарз таъминоти итттилоотӣ аксарияи корхонаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти минтақа ва кишвар ба даст оварда шуда мубодилаи иттилоотӣ ба дараҷаи зарурӣ тараққӣ ёбад.

Мубодилаи иттилоотӣ дар байни табақаи гуногуни ҷамъият имконият медиҳад, ки аллакай дар давраи мактабӣ мактабиён ба ҷараёни таҷрибагузаронӣ ва банақшагирию балоиҳагирӣ омӯхта мешаванд, иҷроиши аввалиндараҷаи супоришҳои намояндагони соҳибкории хурд ва миёнаи маҳаллӣ ба роҳ монда шавад, соҳибони идеяҳои илмии техникӣ ба тиҷораткунонии натоиҷи амалии онҳо омӯхта шаванд. Сипас, дар марказҳои номбаршуда натиҷаҳои мусбии бо ҳам зич пайваст гардидани истеҳсолот бо илм ба даст оварда мешавад, бо мурури замон самараҳои хуб ба бор меоварад.

Хулосаи гуфтаҳои болоро номбар кардани вазифаҳои асосии таъсиси МИИҶН пурра месозад. Бнобар ҳамин ба ҷумлаи вазифаҳои асосии ин марказҳо инҳоро ворид кардвн мумкин аст:

  • ба даст овардани малакаи аввалинаи фаоълияти инноватсионӣ ва инкишофи тафаккури техникӣ инноватсонӣ:
  • таъсиси базаи захиравӣ ва иттилоотӣ барои рушди истеъдоди теъхникӣ ва зеҳнии ҷавонон ва наврасон;
  • фароҳам овардани имконотҳои амалигардонии идеяҳои техникии ҷавонон ва наврасон бо мақсади ба роҳ мондани тиҷораткунонии минбаъдаи он;
  • ташкили замина барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси техникӣ;
  • баландбардории ҷозибиятнокии фаъолияти илмӣ ва техникии ҷавонон ва наврасон.

Боз як нуқтае, ки кайди он ин ҷо зарурият дорад ин ба роҳ мондани робитаҳои МИИҶН бо академияи улуми ҶТ ва доникадаҳои соҳавии он мебошад.

Хулоса, МИИҶН – ҷоест, ки ҳар як толибилм, донишҷӯ, магистрант, аспирант ва истеҳсолотчӣ метавонад маҳорати бурдани тадқиқотҳои илмӣ ва тадқиқотҳои техникиро соҳиб гардад ва ба ҷараёни амалигардонии натоиҷи ин тадқиқотҳо омӯхта гардад. Ташкили чунин марказҳо аз манфиатҳои назаррас холӣ намебошад ва нуқтаҳои гуногунро дар бар гирифта метавонад, ин ҳам бошад ташаккули табақаи ҷавонони мавқеи фаъоли ҳаётӣ дошта ва муҳаё гаштани шароит барои фаъолияти ҷавонону наврасони соҳиби лаёқату маҳорати эҷодии илмӣ техникӣ дошта мебошад.

Пӯлотова Инобат Рауфовна

You might also like